Хабарҳо

“ШОҲНОМА “-ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҲАР ХОНАДОН.

“Шоҳнома ” ҳамчун бузургтарин ёдгории таърихию адабии ҷаҳони форсу тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳоии охир манбаи илҳом,худшиносӣ ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ гардидааст. Ин асари бе заволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бо забони хирад, далерӣ ва ватандӯстӣ таърихи пурифтихори ниёгони моро бо наслҳои нав меомӯзонад ва онҳоро ба посдори арзишҳои миллӣ роҳнамои мекунад.
Иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тақдим намудани ” Шоҳнома” бар ҳар хонадон ҳамчун тӯҳфаи фарҳангӣ ва маънавии беназир аҳамияти хеле бузург дорад. Хушбахтона ин тӯҳфаи Пешвои миллат ба ноҳия мо низ омада расид.
Мардуми ноҳия махсусан собиқадорон,фаъолон ва ҷавонон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ин асари безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсиро қабул намуданд ва миннатдории худро ба Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *