Дар шароити ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм ба яке аз таҳдидҳои асосии амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа табдил ёфтааст.
Ин падидаҳои манфӣ бо сӯиистифода аз эътиқоди динӣ, эҳсосоти ҷавонон ва мушкилоти иҷтимоӣ, кӯшиш мекунанд сохтори давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ ро халалдор намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки “терроризм ва экстремизм ҳеҷ рабте ба дин надоранд, онҳо танҳо воситаи нопокони ҷаҳонӣ барои ба даст овардани мақсадҳои ғаразнок мебошанд.”
Дар ноҳияи Панҷ низ ба масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди чунин зуҳурот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шуъбаҳои маориф ва ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯриҳо ва барномаҳои иттилоотӣ мунтазам ташкил карда мешаванд. Мақсад аз ин тадбирҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсию фарҳангии аҳолӣ, бахусус ҷавонон мебошад.
Маҳз ҷавонони огоҳ, ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии солим метавонанд аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ҳар як сокини ноҳия бояд дарк намояд, ки мубориза бо терроризм танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Ҳамкорӣ ва ҳамдилии ҷомеа, тарбияи дурусти ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва давлати дунявӣ беҳтарин сипар бар зидди таҳдидҳои ифротгароӣ ва терроризм мебошанд. Танҳо бо иттиҳоди қавӣ ва ваҳдати миллӣ мо метавонем ин хатарҳоро пешгирӣ намоем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободтар гардонем.
Мутахассиси пешбари шуъбаи
ташкили кор бо кадрҳои дастгоҳи
раиси ноҳияи Панҷ Расулов Диловар Сабурович