Суханрониҳои раис

Забон – муҳимтарин воситаи муаррифии миллат

Ҳамасола дар кишвари мо рӯзи 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ  ботантана  қайд карда  мешавад. Маҳз  ба ҳамин  хотир  дар арафа ва рӯзи ҷашн  дар  ташкилоту  муассисаҳо, таълимгоҳу  корхонаҳо чорабиниҳои  фарҳангӣ  баргузор  гардид.

4-уми октябр  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ  ҷамъомади  ботантана баргузор  гардид. Баъди расми кушоиши  ҷамъомад  раиси ноҳия  муҳтарам  Шоҳиён Зарифхӯҷа  Фақер ба сухан  баромада,  аҳли  нишастро ба муносибати  Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният  гуфта, дар бораи  нақшу  мақому  манзалати  забони давлатӣ,  аҳамияту моҳияти  он суханронӣ намуд. Мавсуф  қайд кард, ки  забони тоҷикӣ таърихи  дуру дарозу  тӯлоние  дорад  ва  барои  пешрафти  ҷомеаи  тоҷикон хизматҳои  босазое кардааст. Бузургони гузаштаи мо  бо ин забон  асарҳои пурқиммати илмию адабии  худро  навишта, на танҳо  барои миллати  тоҷик, балки  барои тамоми башарият хизмат кардаанд. Ҳарчанд  салтанату давлатдории  тоҷикон муддатҳои  тӯлонӣ  аз байн рафта бошад ҳам, забони  миллат боқӣ монд  ва ҳамчун  пайвандгари  асрҳою наслҳо  то замони мо  хеле  пухтаю равон  ва ширину  гуворо  омада расидааст. Аз ин рӯ, мо, насли  имрӯзаи тоҷик  вазифадорем, ки  забони модарии худ, яъне забони тоҷикиро  ҳамеша тозаю озода  ҳифз намоем, зеро  он  пайвандгари наслҳои гузаштаю имрӯза ва рукни  муҳимтарини миллати тоҷик мебошад.

Дар ҷамъомад прокурори ноҳия Зувайдуллозода Манучеҳр баромад карда, оиди  ҷиҳатхои ҳуқуқии забони давлатӣ, риояи  меъёрҳои  муқаррарии он, арҷ гузоштан  ба мероси  пурѓановати бузургони гузаштаи  миллиамон  ва ҳамчун забони давлатӣ  ҳифзу  эҳтиром намудани  он  суханронӣ кард. Пасон  собиқадори меҳнат П.Нуров дар ҷамъомад  баромад карда, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ  табрику таҳният гуфт.

Чорабинии мазкур  бо  намоиши консерти калони ҳунарпешагони қасри фарҳанги ноҳия, ба Рӯзи забони давлатӣ бахшида шуда буд,   ҷамъбаст гардид. 

П.Нуров, Ш.Сафархоҷазода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *