Хабарҳо

КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

 

 

Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Ба андешаи олимон нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV то давраи мо), дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Дар замонҳои қадим «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд. Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои замони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад. Оид ба ин масъала солҳои охир дар матбуоти даврии Ҷумҳурии Точикистон ва берун аз он бисёр фикру ақидаҳо пешкаш шудаанд. Аз нигоҳи луғавӣ истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинӣ «corruptio», ки бо маъноҳои «харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад.

Инчунин дар яке аз ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид (минбаъд СММ) оид ба мубориза бо коррупсияи байналхалқӣ қайд шудааст, ки коррупсия ин сӯйистеъмол аз ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ғаразнок ба манфиати шахсӣ аз тарафи шахси мансабдор аст. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”

Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли СММ – 9-уми декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Аз ин рӯ, тибқи муқаррароти моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкур, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар буда, қонунҳои амалкунанда бояд мутобиқи талаботи он мувофиқ гардонида шаванд

Баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Сабабҳо ва омили асосии густариши корупсия дар ҷомеаи мо аз як тараф паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он буд. Албатта, паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати кишварро ба ташвиш оварда буд, зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Баъди бомуваффақият имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, 8-уми сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти иқтисодии миллиро ҳамчун моҳият ва ҳадафи мубориза бар зидди коррупсия дарк намуда, ақидаи муҳими сиёсати зиддикоррупсионии давлатро иброз намуд: «Барои мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахурӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обуруй ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем. Вақте омад, ки аз бахшишҳои нодаркор ва саривақтӣ набуда, ки баъзе мансабдорон аз ҳадди вазифаҳои худ берун мебароянд, рад намоем, пурқувватӣ, абарқудратии давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нишон диҳем. Ин ақидаро бо масъулияти бузург изҳор намуда, кушода мегӯям: давлат барои хиёнати иқтисодӣ, амалҳои зиддиконститутсионӣ, поймолкунии манфиатҳои халқ ва миллат ягон касро намебахшад». Дар партави ин иқдом, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 1999 № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10-уми декабри соли 1999 заминаи марҳилаи сифатан нави мубориза ба ин падидаи номатлуб ибтидо гузошт.

Дар асоси Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд. Дар онҳо бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯйистеъмол аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ карда шаванд.

Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.

Дар фарҷом ҳамин нуқтаро зикр кардан зарур аст, ки ҳамаи мақомотҳо ва аҳолии ҷумҳуриро мебояд бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардид, сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат банданд.

Ҳамзамон, бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа боз ҳам хубтар ва дар сатҳи зурурӣ ба роҳ монда шавад.

Раҷабзода Мизроб,   муовини раиси ноҳия

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *