Хабарҳо

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

 

Дар толори маҷлисгоҳи  МИҲД- и ноҳияи Панҷ таҳти Раёсати прокурори  ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2  Зувайдуллозода М.М. ҷаласаи васеъи Шӯрои  ҳамоҳангсозии мақомоти  ҳифзи ҳуқуқи  ноҳия доир гардид.

 Дар ҷаласа аъзоёни Шўро – роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён З. Ф. муовинони раиси ноҳия ва сохторҳои тобеъи он, сардори муассисаи  давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, терминалҳои мусофиркашонӣ, ронандагони мусофиркаш ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишаванда дахлдор ширкат варзиданд.Дар кори ҷаласа ҳолати иҷрои талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа дар ин замина ба сабабу шаротҳои содиршавии садамаҳои нақлиётӣ дар давоми соли 2023 ва ду моҳи аввали соли 2024, бахусус садамаҳои марговар дар ҳудуди ноҳия ва чораҳои андешидашуда дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

   Дар ҷаласаи Шуро Прокурори ноҳия- мушовири далияи дараҷаи 2 Зувайдуллозода М.М., ёрдамчии калони прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Шодизода Т. О., сардори ШТ ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ Одиназода А.Б. ва сардори ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ, майори милитсия Қосимзода К. вобаста ба масъалаи баррасишаванда гузориш доданд.

   Дар муҳокима аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ширкат варзиданд.

   Сипас раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, прокурори ноҳияи Панҷ, мушовири адлияи дараҷаи  2, Зувайдуллозода М.М. аз вазъи тамбашавии роҳҳои автомобилгарди назди бозори марказӣ терминали мусофиркашонӣ ва назди масҷидҳои ҷомеъ изҳори нигаронӣ намуданд.Аз ҷониби раиси Шӯро аъзоёни Шӯрои ҳамохангсозӣ, субъектони  пешгирикунандаи садамаҳои роҳу нақлиёт барои ҳаракати мӯътадили воситаҳои нақлиёт, саривақт пешгири намудани ҳолатҳои баланд намудани суръати ҳаракат, дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт аз тарафи ронандагон, пура таъмин намудани аломатҳои уҳдадоркунанда дар роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳия супоришҳои мушаххас доданд.    

   Дар охир бо қабул кардани қарорҳои дахлдор Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Панҷ ҷамъбаст гардид.

 

Аз саҳифаи Миҳд Ноҳияи Панҷ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *