Хабарҳо

Таҷлили ҷашни Сада дар ноҳия

Сада яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми ориёитабор буда, ба қавли муҳаққиқону бостоншиносон аз замони Ҳушанд ибтидо гирифтааст. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвари мо бо кӯшиш ва эҳтимоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори ҷашнҳои миллии Наврӯзу Тиргону Меҳргон Сада ҳам ҷашн гирифта шуда истодааст. Дар ноҳияи мо ба хотири дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ чорабиниҳои зиёде доир карда шуд. Дар таълимгоҳҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо маъракаҳои ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, ободонию тозакориҳо ба шарафи ин ҷашн гузаронида шудааст. Ҷашни Сада, ки як навъ рамзи мубориза бо сардию хунукӣ ва истиқболи гармию мавсими кишту кор маҳсуб меёбад, мардум гурӯҳ-гурӯҳ шуда, баҳри сарсабзию хуррамии деҳаю маҳал, кӯчаю хиёбон, ҳамчунин ҳавлию дару девори худ ҷадал мекунанд, ба истиқболи Сада маъракаҳо меороянд, суруду таронахонӣ мекунанд. Маҳз ба ҳамин мақсад дар маркази ноҳия бо иштироки аҳли заҳмат, фаъолону роҳбарон, омӯзгорону хонандагон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа як чорабинии калони ҷашнӣ доир гардид. Дар ин ҳамоиш, ки ба шарафи ҷашни мубораки Сада доир шуда буд, ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳо, таълимгоҳҳо намоиши дастовардҳои худро ба маърази тамошои иштирокчиён гузоштанд. Ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ, гулу гулбуттаҳо, маҳсули дастони ҳунармандони ноҳия, аз ҷумла дӯзандагон, бофандагон, оҳангарон, заркорон, техникаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ, намудҳои мухталифи зироатҳои кишоварзӣ, анвои гуногуни таомҳои миллӣ, нону кулчаҳои рангоранги кадбонуҳо, шириниҳои миллӣ ва ғайраҳо ҳусну таровати ин ҷашни фархундаро зебу ороиши дучанд бахшиданд. Баъди тамоши намоишгоҳ раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З. Ф. кулли иштирокчиён ва дар симои онҳо мардуми ноҳияро ба муносибати фарорасии ҷашни Сада табрику таҳният гуфта, аз таърихи ин ҷашни суннатӣ ёдовар шуд. Сипас ҳунарпешагони қасри фарҳанги ноҳия барои иштирокчиёни ҷашн консерти калони идона намоиш доданд. Ҳамин тариқ, ин ҷашни бостонӣ ва миллии мо дар ноҳия хеле бошукӯҳу шаҳомати бузург истиқбол гирифта шуд.

Н.Фозилҷон А.Назарова

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *