Экология

Ободии муҳити зист мароми мост

Айни замон дар тамоми гӯшаю канори ноҳия корҳои солимгардонии муҳити зист, тозагии маҳал ва кӯчаю хиёбонҳо, ободонию шукуфоӣ бахшида ба 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суръати тоза гирифта истодааст. Ба хотири дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани чунин корҳо дар ноҳия ҳар рӯзи истироҳатӣ ҳашарҳои умумӣ эълон карда шудааст.

Мақсад аз баргузории чунин ҳашарҳо истиқболи сазовори ҷашни 32- солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Тибқи дастуру супориши раиси ноҳия тамоми корхонаю муассисаҳо, амоатҳою таълимгоҳҳо, деҳаҳою маҳаллаҳо кӯчаю гулгаштҳо, хулас дар ҳар як хонадон дар сатҳи зарурӣ доир намудани корҳою ободонию тозагии муҳити зист ба ҳукми анъана даромадааст. Ин аст, ки симои шаҳру деҳот намуди идона гирифта истодааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар арафаи ин ҷашни бузурги миллӣ бо дастгирии қишрҳои гуногуни аҳолӣ, шахсони соховатпешаю ватандӯст дар бисёр ҷойҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Мулоим кардану сафед намудани дарахтон, тоза кардани алафҳои бегона аз кучаю гулгаштҳо, партовҳоро ба ҷойҳои махсус бурдан, қайчӣ кардани шоху навдаҳои зиёдатии ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳо, дарахтони ороишӣ, об додани дарахтон ва монанди инҳо барин корҳо тақрибан дар ҳамаҷо, хусусан дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳраки Панҷ хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки корҳои тозагию ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ба тартиб даровардани маҳаллаю деҳаҳо, кӯчаю хиёбонҳо то ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома хоҳанд ёфт.
Н.Фозилон, Ф.Ҷӯраева

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *