Хабарҳо

Пешгирӣ аз офатҳои табиӣ

Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳия Панҷ тибқи Амри раиси вилоят аз 04.05.2023, №11 ва раиси ноҳияи Панҷ аз 10.05.2023, №53 ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ аз 10 то 12 майи соли равон як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.Бо иштироки муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят подполковник Талабшо Назаров, ҷамотҳои шаҳраку деҳот ва ҷалби қувваю воситаҳои хадамоти мудофиаи гражданӣ тариқи ҳашари дастаҷамъона 11 май дар ҳудуди деҳаи Отчопари ҷамоати деҳоти Озодагон селпартов ба масофаи 20 метр тоза карда, роҳи самти деҳаи Тепавойро, ки хароб шуда буд, қисман  бартараф карданд.

Дар ҷамоати деҳоти Намуна заминҳои хоҷагии ба номи Эмомалӣ Раҳмон ба дарозии 190 метр, бо маблағи 1736 сомонӣ тозаю барқарор карда шуд ва корҳо ҳоло идома дорад. 12 май дар деҳаи Вахёи ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат 100 адад пахтасангҳои оҳану бетонӣ кашонида, дар соҳили рости дарёи Панҷ ҷо ба ҷо карда шудКанали Янгии деҳаи Қумсойи ҷамоати деҳоти Намуна бо дарозии 125 метр ва маблағи 1093 сомонӣ тозаю барқарор карда шуд.

13 май дар мавзеи Сарбанди Халқаёр самти обгузарро, ки дар натиҷаи хамбидани кӯҳпора маҳкам шуда буд,кушода карда шуд.

Зикр бояд кард, ки дар ҳамаи корҳои ба сомон расонидашуда дар ҳудуди ноҳия экскватори гидравликӣ, автокрани борбардор, автомашинаи боркаши тамғайи Дуланг, мехлоқат таҷҳизоти об- партоӣ, миқдори зиёди ҳашарчиён, сокинони маҳалаҳо ва хадамотҳои мудофиаи гражданӣ самаранок истифода бурда шуданд.

 

ИсмонзодаУ.И.,сардори шуъбаи РКҲФ ва МГ дар ноҳия

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *