Хабарҳо

ДАВЛАТАЛӢ САИД НОМЗАД БА УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ПЕШБАРӢ КАРДА ШУД

18 майи соли 2023 иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ, даъвати шашум, баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

1.Дар бораи пешниҳоди қарори  Маҷиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз 17 майи соли 2023, №246 “Дар бораи пешбарии номзад ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷщуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон №3.

2.Дар бораи тасдиқи рӯйхати вакилони интихобкунандаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ  барои иштирок дар интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон №3.

  Тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тариқи овоздиҳии пинҳонӣ 36 нафар вакилон дар овоздиҳӣ иштирок карданд.Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оиди баҳисобгирии  натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ баъди ҷамъбасти  интихобот ба чунин хулоса омад:

Ба тарафдории номзади пешбаришуда овоз доданд  -36 нафар, муқобил, бетараф ва бюллетенҳои беэътибор мавҷуд набуд.

Комиссия қарор кард: номзадии Давлаталӣ Саид аз ҳавзаи интихоботии №3 ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шавад.

Ҳамин тариқ, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ қарор мекунад:

Давлаталӣ Саид, санаи таваллуд 30 марти соли 1970, миллат тоҷик, таҳсилот олӣ, раиси вилояти Хатлон, узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сокини шаҳри Бохтар номзад ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда  дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон №3 пешбарӣ карда шуда,насабу номаш дар бюллетени пинҳонии овоздиҳӣ оид ба пешбарии номзад ба узви Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоикистон ба ивази узви хориҷшуда дохил карда шавад.

Маҷлиси вакилони халқ оид ба интихоб намудани намояндагон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ барои иштирок дар интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон №3 39 (сиву нуҳ)нафар намояндагон интихоб карда шаванд.

Бо ҳамин, ичлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи  Панҷ, даъвати шашум, кори худро ба анҷом расид.

 

                                                                              Н.Фозилҷон

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *