Хабарҳо

Барқ ҳам зарурати ҳаётӣ дорад

 

Замони имрӯзаро бе барқ тасаввур кардан мумкин нест. Неруи барқ дар кадом соҳае, ки набошад, барои пешбурди фаъолият зарурати ҳаётӣ дорад. Иқтисодиёту иҷтимоиёти имрӯзаро дар кишвари мо низ бе неруи барқ рушд додан имконнопазир аст. Ин аст, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Роҳбари давлат фаъолият доштанашон ҳамеша ҷаҳду талош намуданд, ки неругоҳҳои хурду бузурги кишварро зиёд намоянд, то тавлиди неруи барқ ба талаботи рӯзафзуни мардум мусоидат кунад.

Ҳамин заруратро ба ҳисоб гирифта, дар Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ба наздикӣ масъалаи натиҷаи санҷиши ҳолати риояю иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба пардохти саривақтии  маблағи неруи барқ  дар давоми солҳои 2022-2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷаласаи Шӯро дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бо иштироки раиси ноҳия, муовинони он, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот, аъзоён ва котиботи Шӯро раисони ҷамоатҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳо, раисони кумитаҳои маҳалла ва роҳбарону масъулини  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Аз рӯи масъалаи болозикр ёрдамчии прокурори ноҳия  С. Одиназода гузориш дод. Дар гузориш аз ҷумла зикр карда шуд, ки маблағи қарзи истифодаи қувваи барқ ба ҳолати 1 январи соли 2022 16747725 сомониро ташкил медод. Ин ҳолат ба 1 январи соли 2023 ба 20809346 сомонӣ расид, ки нисбати соли пешин 4061621 сомонӣ зиёд шудааст. Вобаста ба ҳамин ҳолат прокуратураи ноҳияи Панҷ се санҷиши назоратӣ гузаронида, ҷиҳати фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ба масъулини соҳаҳо 9 амр ва 3 пешниҳод ирсол намуд. 10 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 10 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин замина 1916643 сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шуд.

Дар се моҳи аввали соли 2023 баҳри фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 10 адад амр ирсол шуда, 8 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз , 15 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 4 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуд. Баҳри бартараф намудани сабабу шароитҳои қонунвайронкуниҳо 2 пешниҳод ба масъулин фиристода, маблағи 125500 сомонӣ барқарор карда шуд. Тазаккур бояд дод, ки ба прокуратураи вилояти Хатлон оид ба қарздории Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия як мавод ба маблағи 2255438 сомонию 43 дирам  аз ҳисоби сари вақт насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ирсол карда шуд, ки он дастгирӣ ёфта, ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон аризаи даъвогӣ пешниҳод гардидааст.

Баъди гузориш сардори Шабакаи барқи ноҳия Ф. Шералӣ баромад карда, оиди фаъолияти кормандони Шабака дар самти мавриди баррасӣ қарор додашуда, иҷрои корҳои ба сомон расонида, камбуду норасоиҳои ҷойдошта ва сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда андешаронӣ кард.

Дар ҷаласаи Шӯро прокурори ноҳия, раиси Шӯрои  ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ М. Зувайдуллозода ҷиҳати бартараф кардани камбуду нуқсонҳои ҷойдошта ва иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бобати масъалаи баррасишуда супоришҳои ҷиддӣ дод.

Дар охир раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З.Ф. дастур дод, ки ҷиҳати талаботи неруи барқ,, истифодаи сарфакоронаи он, пешгирии қонуншиканиҳо, пардохти саривақтии маблағи неруи барқ ва дигар масоили рӯзмарра масъулин фаъолияти худро пурзӯр намоянд.

 

                                                             Н. Фозилҷон, П. Нуров

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *