Сиёсат

Бар зидди коррупсия дастаҷамъона мубориза барем

Ҳамасола рӯзи 9 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи коррупсия қайд карда мешавад. Ин бесабаб нест, зеро коррупсия зуҳуроти нанговарест, ки ҷомеа ва давлату миллатро бадном мекунад. Бинобар ин, дар тамоми мамолики дунё ин падидаи номатлуб вуҷуд дорад ва муқобили он ниҳодҳои махсуси давлатӣ мубориза мебаранд. Ҷумҳурии мо низ аз ин зуҳуроти фасод орӣ буда наметавонад.
Маҳз ба ҳамин мақсад барномаҳо стратегияҳо, амрҳои гуногун таҳия ва ба тасвиб расидаанд ва амалӣ гардида истодаанд, ки дар муқовимат бо коррупсия нақши бориз доранд. Коррупсия амалест, ки на фақат ба шаҳрвандони алоҳида таъсири манфии худро мерасонад, балки ба тамоми ҷомеа, давлат, миллат зиёну зарари зиёдеро ба бор меорад. Ин зуҳуроти манфӣ ҳатто ба рафти тараққиёти давлату давлатдорӣ, рушду такомули ҷомеа ва шаҳрвандон коҳишу мазаррати зиёде дорад. Ояндаро дар назди шаҳрвандон тира сохта, умеди онҳоро аз оянда коҳиш медиҳад, пояҳои давлату давлатдориро ноус-тувор мегардонад, боварии мардумро нисбати сохторҳои давлатӣ паст менамояд. Аз ин лиҳоз, мубориза бар зидди коррупсия на фақат вазифаи мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ, бахусус Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, балки вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ватандӯсту поквиҷдон мебошад.
Бисёр вақтҳо мешунавем, ки дар ин ё он муассиса, ташкилот, корхона барои ягон корро иҷро кардан ғайриқонун маблағ талаб мекунанд. Хайр, агар ҳамин тавр бошад, кӣ маҷбур карда метавонад, ки беасос ба шахси мутасаддӣ маблағ медиҳем, ҳол он ки ғайриқонунӣ будани ин талаби ӯ ҳувайдо бошад. Шаҳрвандон ба хотири он ки корашон зуд иҷро шавад, беҳуда маблағ медиҳанд ва чун ба кӯча бароянд, шикоят мекунанд, ки аз мо маблағ меситонанд.
Чунин амалиёт аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон аксаран ҳуқуқу вазифаҳои худро хуб намедонанд ва истифода бурда наметавонанд. Агар ба даъвогари маблағ аз рӯи қонун рафтор кунӣ, ӯ ҳеҷ гоҳ аз ту маблағ гирифта наметавонад. Мутаассифона, худи бархе аз шаҳрвандон барои ришваситонии шахсони мутасаддӣ роҳ мекушоянд, онҳоро одат мекунонанд.
Аз ин лиҳоз, фақат мақомоти қудратӣ бе дастгирии ҷомеа ва мардум ин падидаи номатлубро решакан карда наметавонад. Зарур аст, ки имрӯз ҳар як фарди ҷомеа нахуст аз қонуну санадҳои меъёрии амалкунанда огаҳӣ дошта бошад ва сипас ҳуқуқу вазифаҳои худро донис-та ҳимоя карда тавонад. Барои ҳамин ҳам бар зидди коррупсия танҳо муборизаи дастаҷамъона зарур аст.
Коррупсия маъноҳои дигар низ дорад. Ба хотири манфиатҳои шахсӣ ва индивидуалӣ манфиатҳои давлат ва ҷомеа аз ҷониби як қисм роҳбарон як тараф гузошта мешаванд ва манфиати худро авлотар медонанд, ки ин ҳам зуҳуроти коррупсионӣ аст. ҳар як шахси масъул ва роҳбаре, ки ба курсии сарварӣ менишинад, бояд хуб дарк кунад, ки обрӯю эътибори он аз дасту дили пок ва ҳимояи манфиатҳои ҷомеаю давлат баланд шуда, дар назди мардум соҳибэҳтиром мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як мулоқоту суханрониҳояшон ва паёмҳояшон бесабаб ба ин зуҳуроти нанговар дахл намекунанд. Аз ин ҷиҳат, ҳар яки мо, шаҳрвандонро зарур аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бар зидди падидаҳои коррупсионӣ дастаҷамъона мубориза барем. Танҳо дар ҳамин сурат пояҳои давлату давлатдориамон, сохторҳои давлатиро мустаҳкаму пойдор карда метавонем.
П. Нуров.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *