Имсол муовини раиси ноҳия Хайринисо Кенҷаева ба синни мубораки камолот расид. Мавсуф соли 1964 дар ноҳияи Панҷ таваллуд шудааст. Соли 2000-ум шуъбаи ғоибонаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро ғоибона хатм намудааст ва соҳиби ду ихтисос – рӯзноманигорӣ ва иқтисодчӣ шудааст.
Хайринисо Кенҷаева дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият кардааст. Солҳои 1982-1983 корманди идораи бойгонии ноҳия, сол-ҳои 1983-1995 инспектори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳия, солҳои 1995-2003 мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроия, солҳои 2003-2006 мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, соли 2006 раиси ҷамоати деҳоти Озодагон, солҳои 2007-2012 муовини раиси ноҳия, солҳои 2013-2016 раиси ҷамоати деҳоти Озодагон ва аз моҳи августи соли 2016 то ба синни камолот расидан муовини раиси ноҳия шуда фаъолият намудааст.
Хайринисо Кенҷаева аз синни ҷавонӣ то ба нафақа баромадан, дар кадом вазифае кор карда бошад, ҳамеша масъулияти баланд ҳис намуда, бенуқсон вазифаҳояшро иҷро карда омадааст. Барои хизматҳои шоёнаш дар назди халқ ва давлат бор-ҳо бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст.
Имрӯз Хайринисо Кенҷаева ба синни ниҳоии нафақа расидааст. Ба ин муносибат дар ҷаласаи назди раиси ноҳия бори дигар бо ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ аз ҷониби раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуд. Боварӣ ҳаст, ки Хайринисо Кенҷаева минбаъд низ худро аз ҷомеа ва мардум дур нагирифта, боз солиёни зиёд ба таблиғу ташвиқи сиёсати оқилонаю хирадмандонаи давлату ҳукумати кишвар, тарбияи ҷавонон ва занону духтарон ҳамчун як шахсияти таҷрибадор машғул шуда, донишу таҷрибаи худро дар ин самт аз мардум дареғ нахоҳад дошт.
Синни камолот муборак, Хайринисо Кенҷаева!
Н. Фозилҷон, П. Нуров