Ба наздикӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо иштироки кулли фаъолони ноҳия Шӯрои ҳамоҳангсозии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Шӯро ва аъзоёни он ширкат варзиданд. Нахуст суханро прокурори ноҳия М. Зувайдуллозода оғоз бахшида, масъалаҳои баррасишавандаи рӯзномаи Шӯроро ба ҳозирин муаррифӣ кард.
Баъдан корманди шуъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳияи Панҷ Н. Файзуллоев ба сухан баромада, дар бораи сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хавфи терроризму экстремизм, дар ҷамъият мағзшӯии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба ин амалҳои номатлубу хатарнок ва дигар масъалаҳои доғи рӯзро мавриди баррасӣ ва хулосабарорӣ қарор дод. Мавсуф махсусан қайд намуд, ки мавзуи терроризм ва экстремизм имрӯзҳо аз масъалаҳое мебошад, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан мамолики Ховари Миёнаро ба ташвиши ҷиддӣ овардааст. Аз ин рӯ, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки сари ин масъалаҳои доғи рӯз ҷиддӣ аҳамият дода, дар таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, бедории фикрии ҷомеа бетараф набошанд, то ки чунин амалҳои ғайриқонунию ғайриинсонӣ дар ҷумҳурии мо такрор нашаванд. Инчунин қайд гардид, ки ташкилоти ТЭТ ҲНИ, ки айни замон дар Тоҷикистон мамнуъ аст, дар хориҷи кишвар мехоҳад тавассути сухангӯёну пайравонаш боз ҷавонони дар дохил ва хориҷбудаи тоҷикро бо роҳи идеяҳои нопоку ифротии худ мағзшӯӣ намуда, бар зидди ҳукумату давлати Тоҷикистон гардонанд, то ки амалҳои нопоку ғаразнокашонро амалӣ намоянд.
Сипас, сардори Нозирати андози ноҳия Ҷ. Раҳматшоев масъалаҳои иҷроиши нақшаҳои пешбинишудаи андоз, ғайриқонунӣ фаъолият намудани баъзе соҳибкорону истифодабарандагони замин, ҷаримабандӣ нисбат ба андозсупорандагоне, ки андозсупориро ба таъхир мегузоранд ва дигар масъалаҳоеро, ки ба кори онҳо дахолат доранд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Баъдан Шӯро аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарори дахлдор қабул намуд.
Н. Фозилҷон, Гулчеҳра