Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон
Раиси ноҳияи Панҷ
Қ А Р О Р
Аз «28» октябри_соли 2022 №1360 н. Панҷ
Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
Мутобиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
- Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии:
– сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассис (хазинадор)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– сармутахасис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимӣ Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассис (хазинадор)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– сармутахасис оид ба корҳои дин, танзими анъана, ва ҷашну маросимӣ Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахасис (омор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбари (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассис (хазинадор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
2. Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шавад, ки қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабонро мувофиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун ба роҳ монад.
3. Қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 8 сентябри соли 2022, №1191 аз эътибор соқит дониста шавад. |
Раиси ноҳяи Панҷ: З. Шоҳиён