Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавони Тоҷикистон лозим буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ таъсис дода шуда, тамоми сохторҳои низомӣ аз нав барқарор карда шаванд, гузашта аз ин муътадил гардонидани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, хотима додани муноқишаҳои мусаллаҳона ва ҷанги шаҳрвандӣ, қонуншиканию бедодгариҳо, ба эътидол овардани тартиботи ҷамъиятӣ, бетаъхир таъсис додани Артиши миллиро дар кишвар тақозо мекард.Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 амалан дар ҷойи холӣ, яъне дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ ва нарасидани кадрҳои баландихтисоси фармондеҳӣ гузошта шуд. Санаи 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллии кишвар баргузор гардид ва ин рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Имрӯз мо бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаву оқилона ва дурбинонаву ватан-дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегирем.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои қисми ҳарбии 0306-и РҚС КДАМ ҶТ дар ноҳияро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти давлату ҷомеа саҳми бузург доред, бо камоли ифтихор ва самимона табрик менамоям.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба дӯши хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаҳое гузошта шудаанд, ки тақдири миллату давлат, Истиқлолияту соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии мамлакат аз ҳалли онҳо вобастагии калон дошт.
Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони муосир, таъмин намудани амнияту давлат ва миллат, инчунин суботу оромии ҷомеа бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно ғайриимкон мебошад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 29 сол аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, тавре ки мебинем имрӯз ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи қодир ба ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, яъне дар он шароите, ки ҳатто сару либос ва силоҳу лавозимоти дурусти ҳарбиву ҷангӣ надоштанд, ҷасуронаву сарбаландона дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ мубориза бурда, ҳазорон нафари онхо дар ин роҳ қурбон шуданд. Хотираи неки ин муборизони роҳи озодиро давлат ва миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.
Ин ҷо лозим ба ёдоварӣ аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон дар мубориза бар зидди террористию экстремистӣ дар гӯшаву канори гуногуни кишвар, фурӯ нишонидани ошӯбҳои исёнгаронаи хоинону душманони миллати тоҷик ва даҳҳо амалиёти махсус садоқати худро ба Ватан ва миллат борҳо собит сохтаанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф-ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат гузошта шуданд.
Айни замон бо ифтихор изҳор менамоем, ки хизматчиёни ҳарбӣ ин ниҳоди қудратӣ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд.
Имрӯз вазъи ҳарбиву сиёсии минтақа ва ҷаҳон, омӯзиши таҳдидҳои воқеӣ ва хатарҳои эҳтимолӣ, ҳамчунин пешбурди сиёсати мудофиавию байналмилалии Тоҷикистон тақозо намуд, ки дар заминаи таҷрибаи андӯхташуда ва захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи Артиши миллӣ зери роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриву саривақтӣ андешида шуданд.
Бо мақсади таъмини амнияти устувор, пешгирӣ намудани хатарҳои торафт муташанниҷ гардидани вазъи мураккаби сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки метавонад ба амнияти кишвари мо низ таъсир расонад, ҳамаи моро зарур аст, ки тибқи дастури ҳидоятҳои Роҳбари давлат бо сохторҳои марбутаи минтақавӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монем.