Хабарҳо

Соли нави таҳсил муборак!

1 сентябр  дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия  дари      синфхонаҳо  барои  ҳазорон ҳазор  наврасону навҷавонон кушода гардид. Омӯзгорон  шогирдони худро бо як муҳаббати баланди  устодӣ қабул карда,  дар шоҳроҳи илму маърифат  худро ҳамчун  равшанкунандаи роҳи толибилмон  нишон медиҳанд. Дар ҳар як муассисаи таълимӣ  ҷамъомадҳои мутантан бахшида ба Рӯзи дониш, оғози соли нави хониш баргузор гардид. Чеҳраҳои хандони омӯзгорону муҳассилин  аз он шаҳодат медиҳад, ки  онҳо  дар иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари кишвар дар соҳаи илму маориф ва  амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаю  хирадмандонаи ҳукумати мамлакат сидқан камари ҳиммат бастаанд.

Доир намудани  озмунҳои гуногун ҷиҳати пайваста баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию ахлоқии насли наврас  дар маркази таваҷҷуҳи  аҳли маориф мебошад.  Дар даври ноҳиявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  450 нафар довталаб, аз ҷумла 150 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва 23 нафар омӯзгорон  иштирок намуда, дар ҷамъбасти он  111 нафар хонанда ва 9 нафар омӯзгор  барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. ҳамзамон  дар даври ноҳиявии озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман”  86 нафар довталаб, аз ҷумла  30 нафар хонанда ва 26 нафар омӯзгор ширкат варзиданд. Дар даври вилоятӣ бошад,  аз ҷумлаи 24 нафар иштирокчиён  3 нафар ғолиб ва сазовори ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон гардиданд.  Айни замон 4 нафар хонандагони беҳтарини муассисаҳои таълимӣ  гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 нафар гирандаи стипендияи раиси вилояти Хатлон мебошанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки  рушди соҳаи маориф, махсусан пояи моддӣ-таълимии муассисаҳои таълимӣ дар  даврони соҳибистиқлолӣ хеле хуб ба назар мерасад. Хусусан дар доираи истиқболи сазовори ҷашни миллӣ дар ноҳия  бо ибтикори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,  саҳмгузории бевоситаи соҳибкорони маҳаллӣ, ашхоси саховатпеша ва кумитаҳои падару модар  36 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. ҳоло бошад, дар 8 муассисаи таълимӣ  51 синфхонаи иловагӣ   корҳои сохтмонӣ  бо суръат идома доранд.

 

Омӯзгорон  саъю кӯшиш доранд, ки  ба шогирдон дар бобати амалӣ намудани  дастуру супоришҳои Сарвари кишвар ҷиҳати “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”  натиҷаҳои назаррас ба даст оваранд. Оғози соли нави таҳсил муборак, омӯзгорону хонандагон ва ҳамдиёрони азиз!

            П. Нуров, И. Абдураҳмон 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *