Хабарҳо

Ташрифи гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ноҳияи Панҷ

 

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи тасдиқнамудаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон аз 31 майи соли 2021 санаи 2 июни соли равон гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Зуҳурзода Маҳмадсабур ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд.

Мақсад аз ташрифи ин гуруҳи корӣ ҳаматарафа омўхтани ҳолати пахтазор, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, вусъат додани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка, вазъи боғу токзорҳо, таъмини оби полезӣ, чорабиниҳои экологӣ, соҳаи чорводорӣ ва вазъи дарави алафҳои табиӣ, захираи хошоки дурушт, рондани чорво ба чарогоҳҳои тобистона ва таҳлили ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ба ҳисоб мерафт.

Баъди санҷиши масъалаҳои зикргардида аз тарафи гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба натиҷаи ҷамъбасти санҷиши гуруҳи корӣ ҷаласаи сайёр доир гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *