Хабарҳо

АЗ БАДОН – ДОҒ, АЗ НЕКОН – БОҒ!

Ба хотири иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сол-ҳои  2016-2020 олимон, мутахас-cисон ва хоҷагидорон вазифадор шуда буданд, ки барои боз ҳам сарсабз намудани кишвар, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли мева ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми роҳу усул ва воситаҳои самарабахш истифода баранд.

Ниҳолпарварӣ  яке аз самтҳои соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. ҳамин аст, ки ниҳолпарвар Раҳматулло Забиров муддати чанд сол боз дар ноҳия  ба парвариши ниҳолҳо  машғул  мебошад Ниҳолпарвар дар майдони 0,50  га ниҳолҳои сояафкан, мевадиҳанда  ва ҳамешасабз, инчунин гулҳои ороишӣ парвариш мекунад

Зикр бояд кард, ки  ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли заҳмат ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ равнақи тоза мебахшанд. ҳар як афроди ватандӯсти  ноҳия, аз ҷумла кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ҳашарҳои дастаҷамъона фаъолона ширкат варзида, чун бунёдкору созанда камари ҳиммат баста, ба хотири истиқболи сазовори ин ҷашни миллӣ дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми муносиб мегузоранд. 

Кормандони корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия, ки фаолияти онҳо ба ин самт равона гардидааст, дар баробари анҷоми тадбирҳои экологӣ зебу зинат бахшидани маркази ноҳия, маъракаи шинонидани гулу буттаҳои мавсимиро идома дода истодаанд. Ҷиҳати ободу зебо ва сабзу гулпӯш намудани кӯчаю маҳаллаҳо, назди ташкилоту муасисаҳо,   аз ҷумла шинонидани гулу буттаҳои мавсимии зинатбахш, ба тартиб даровардани роҳҳои пиёдагард бо суръат ҷараён дорад.

 

                                               П. Нуров, И. Абдураҳмон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *