Хабарҳо

Ҷашни Наврӯзи Аҷам

 

Муҳимтарин паёмади истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни қарни 20 бунёди давлатдории миллӣ, маънои аслии худро дар ёфтани ҷаҳоншиносӣ ва тафаккури миллӣ, фалсафаи нави давлатдории тоҷикон мебошад, ки аз ҷаҳони андеша ва фарҳанги сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардидааст.

Ҳамин ҳадафҳои муқаддаси миллӣ, ки дар мағзи сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо қарор гирифтаанд, эътибор ва шаъни миллатро дар сатҳи ҷаҳон бори дигар эҳё намуда, давлатдории миллии тоҷиконро дар мувофиқа бо суннатҳои шаҳриёрони бузурги Аҷам, дар мувофиқа бо вижагиҳои урфии мардум ва равандҳои пурҷушу хурӯши имрӯза умри дубораи таърихӣ бахшид.

Ба ин маъни бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар тули ҳазор соли охир бунёди давлатдории миллӣ ва мақомои ҷаҳонӣ дарёфтани он мебошад, ки бо хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам    Эмомалӣ Раҳмон иртиботи мустақим ва пайванди ногусастанӣ дорад.

Дар ин рӯзҳое, ки халқи тоҷик бо як ҷаҳон умеду орзу ва меҳру ихлос ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуда истодаанд, як ҳикмати пурмаънои ниёгонамонро ёдовар шудан айни матлаб аст.

Бузургони хирад фармудаанд, ки агар сарчашма пок, зулол ва мубарро бошад дар равиши худ ҳама шохоб ва рудхонаҳоро софу беолоиш ва беғубор мегардонад.

Имрӯз хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибис-тиқлол ҳамин покӣ ва сафо вуҷуд дошта, миллати тоҷик бо шоистагӣ ва сарбаланди дар миёни анҷумани қавмҳои мутамаддини дунё, ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуда, ба фардои дурахшон бо ихлосу иродат ва бо эътимоди комил ба роҳи интихобкардаи худ қадамҳои устувор мегузоранд.

Сарчашмаи ин муҳити озода, сулҳу субот ва амалӣ намудани ҳама умеду ормонҳо ба шахсияти арзандаи таърихи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии қавӣ дорад, зеро он кас фазои сиёсӣ иҷтимоӣ ва маънавии кишвари моро аз чангу ғуборҳо пок сохта, бо паёми сулҳу ваҳдат ҷомеаи тоҷиконро ба офариниш ва пайкорҳои таъри-хии сарнавиштсоз тавонмандӣ ва ҳидоят бахшид.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як қатор кишварҳои дигар соли 2010 тибқи қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни аҷдодиву миллиамон – Наврӯзи Аҷам мақоми байналмилалиро соҳиб гашта, моҳи марти соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари 11 кишвари ҷашнгирандаи Наврӯз дар таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ ҷиҳати дохил намудани ҷашнвораи Наврӯз ба феҳристи фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО иштирок дошт.

Имрӯз миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни сатҳи ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Наврӯз ҷашни куҳану бостонӣ, ҷашни зебоии табиат ва соли нав аст.

Тамаддуни халқи мо бо ҷашни Наврӯз оғоз мегардад, яъне Наврӯз ибтидои мардуми фарҳангии мо маҳсуб ёфта, аз давраҳои бостон то имрӯз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо рангу таровати хоса мебахшад. Аз сарчашмаҳои зиёди таърихӣ ва адабию фарҳангӣ бар меояд, ки пайдоиши ҷашни Наврӯз ба замони ҳукмронии шоҳ Ҷамшед марбут буда, панҷуним ҳазор сол инҷониб ҳамчун рӯзи ҳуҷаста, оғози сол ва ҷашни шодиву нишот таҷлил мегардад.

Дар баробари ин ҷашни Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд, зеро Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи забон, расму ойин ва фарҳангу таърихи мардум ва ниҳоят Ватан маҳсуб мешавад.

Ҷашни Наврӯз давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ бурду бохтҳои зиёдеро аз сар гузаронида, ҳамчун рамзи безаволи тамаддуни ориёӣ бо мазмуну муҳтавои зиндагисози худ то имрӯз ҳангоми аз бурҷи Ҳут ба бурҷи Ҳамал ворид шудани Офтоб ва фарорасии рӯзи эътидоли баҳорӣ бо номҳои Иди рӯзи нав, оғози сари сол, эҳёи табиат ва бедории замин таҷлил карда мешавад.

Илова бар ин, яке аз устодони роҳбар ва асосгузори мазҳаби ҳанафӣ, Имоми Аъзам – Имом Ҷаъфари Содиқ иди Наврӯзро барои хостани ниёзҳо ва баровардани орзуҳои наҷиб рӯзи фархунда, оғози сари сол ва ойини неку муборак шуморида, ҳатто зикр намудааст, ки сарнасли инсоният ҳазрати Одам маҳз дар оғози моҳи фарвардин офарида шудааст.

Бо шарофияти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургдошти ойини Наврӯз дар кишвари мо вусъати тоза пайдо намуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ истиқбол гирифтани он арҷгузории миллати тоҷикро ба ҳифзи симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, пойдории рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ, орзуву омоли наҷиби созандагӣ ва густариши арзишҳои милливу умумибашарӣ ифода месозад. Яъне Наврӯз дар роҳи дарозу тайкардаи худ аз саҳнаҳои пурҳангомаи таърих гузашта, имрӯз то ба асри илмию техникӣ ва муъҷизаҳои кайҳонии замони мо расидааст.

Ин ҷашн барои наслҳои имрӯзаву ояндаи мо асолату ҳуввияти миллӣ, ормонҳои волои созандагиву бунёдкорӣ ва инсонгароиву башардӯстиро талқин намуда, орзуву ормонҳои хуҷаставу зиндагисози гузашта, имрӯза ва ояндаро бо ҳам пайванд месозад ва дар оғози корҳои бузургу ҳадафҳои наҷиди созандагӣ ба мардуми кишвари мо руҳу илҳои тоза мебахшад.

Чӣ тавре маълум аст давоми соли 2021 ҷашну санаҳои муҳими таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешаванд, ки яке аз онҳо ҷашни воқеан миллии мо 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар қарни 20 ба шумор меравад, ки он нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, баъдан ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта ташаккул ёфт.

Бо ибораи дигар Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро ба сӯйи пеш ҳаракат медиҳад.

Маҳз тавассути соҳибис-тиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои сулҳу субот, оромӣ ва сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамчун суннати ойини деринаи халқи тоҷик таҷлил гардида истодааст.

 

Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ муҳтарам Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *