Хабарҳо

Паёми табрикии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ, муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ба муносибати таҷлили «Рӯзи Модар»

 

Модарону хоҳарони  азиз!

Бонувон ва ҳозирини гиромӣ!

 

Зан – Модар ҳамчун офарид-гори насли инсонӣ дар ҷомеа мақому манзалати махсусе дошта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мақоми ӯ боз ҳам таҳким ёфт.

Моҳи сентябри соли 1998 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардид.

Санаи дигари тақдирсоз Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад, ки ин санад дар арсаи ҷаҳонӣ дунявӣ будани ҷомеаи Тоҷикистонро бори дигар таъкид месозад.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро да оғуши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба ӯ меомӯзад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.

Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои Баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат таҷлил намудани «Рӯзи Модар», далолаткунандаи бузургии ин олиҳаи ҳусн ва фариштаи заминист.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо модарони меҳрубон ва бонувону хоҳарони гиромиро самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама саломатӣ, хушбахтӣ, рӯзгори осуда ва дар ниҳоят саодату комёбиро таманно дорам.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, «Стратегияи миллии фаъолгар-донии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» тасдиқ гардид ва даҳҳо санади дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани мутахассисони боистеъдод аз ҳисоби занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст, замина гузоштанд.

Ин дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи садоқату вафодорӣ, эътимоду боварӣ ба қувваю иродаи зан ва модари тоҷик ба ҳисоб меравад.

Маҳз тавассути амалӣ намудани сиёсати мақсадноку дурбинонаи роҳбарияти олии кишвар имрӯз зани тоҷик имконияти воқеии дарёфти мақому манзалати арзандаи худро соҳиб гашта, тавонист, ки тавассути донишу маҳорат, азму талош ва эҳсоси баланди худшиносиву ватандорӣ дар сафи пеши созандагону ободгароёни ин сарзамини аҷдодӣ қарор гирад.

Дар баробари ин ҳама бузургтарин рисолати зан, рисолати модарист, ки занони мо онро бо сарбаландӣ иҷро карда истодаанд.

Аз ҷониби Модар дар руҳияи баланди ватандориву ватандӯстӣ, инсондӯстиву бунёдкорӣ тарбият намудани фарзандон заминаи тарбият намудани ворисони сарбаланду ояндасози ин кишвари куҳанбунёд ва соҳибтамаддун аст. Яъне дар замири фарзанд тарбия намудани эҳсоси садоқату самимият, некиву накукорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва меҳрубон аст.

Зеро дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстӣ қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад.

Бузургтарин рисолати модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда буд.

Модарону бонувони азиз!

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон имрӯзҳо занону бонувони ноҳияи мо низ дар соҳаҳои гуногун фаъолият  намуда истода, бо меҳнату заҳмат, донишу малака ва истеъдоди худ дар пешрафту ободии ноҳия саҳми босазои худро гузошта, соҳиби иззату эҳтиром гардидаанд.

Айни замон 124 нафар занони ноҳия дар вазифаҳои роҳбари-кунанда аз ҷумла 18 нафараш дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият намуда истодаанд.

Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли арсҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаво-дагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳои зиёд эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардои ин миллат чун мактаби беҳтарини ҳаёту зиндагӣ хизмат хоҳанд кард.

Ба ин маънӣ занону модарон нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва оинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан, дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони баодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту меҳанпараст мебошанд.

Модарону бонувони муҳтарам!

Моҳи март ба ҷашни Шумо оғоз гардида, бо яке аз ҷашнҳои бостониву таърихии мо – Наврӯз, яъне соли нави аҷдодиямон идома медиҳад. Ин айём беҳтарин рӯзҳое мебошанд, ки Шумо ба тозагиву ободии хонаву кошона бештар машғул шуда, ҳунари кадбонугии миллати қадимаву фарҳанги-ямонро боз ҳам густариш медиҳед.

Мо дар саддаи 21-ум, яъне замони пешрафти илму техника ва дастовардҳои бесобиқаи ақли инсонӣ зиндагӣ дорем. Бинобар ин бояд аз эҳсосоти хушунатомез ва тафаккури ақибмондаи хурофотӣ озод бошем, шаъну шараф ва ҳайсияти занону духтаронро эҳтиёт ва эҳтиром намоем, ба онҳо, яъне бонувону духтарон бо назари нек ва иззату ҳурмат муносибат намоем ва ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки парваридаи модари боиффату соҳибмаърифати тоҷик ва намояндаи яке аз миллатҳои куҳанбунёду тамаддунсози дунё мебошем.

Ин ҷо хотирнишон месозам, ки нигоҳубину парастории модару падар  дар пиронсолӣ низ қарзи фарзандӣ ва вазифаи ҷавонмардии ҳар яки мо мебошад.

Итминони комил дорам, ки занону бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси ноҳияи мо минбаъд низ бо шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрии давлат, фазои орому осудаи кишвар бо мақсади пешрафти Ватани азизамон содиқона заҳмат кашида, ба хотири тарбияи наслҳои ояндасози миллат сайъу талоши бештар мекунанд.

Ҳамзамон дар иҷрои қонунҳои миллиамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал карда, ҷиҳати беҳтар шудани некуаҳволӣ ва шароити зиндагии хонаводаҳои худ саҳми модаронаашонро хоҳанд гузошт.

Бо ибрози беҳтарин ниятҳои нек бори дигар Шумо модарону бонувони гиромиро ба муносибати таҷлили «Рӯзи модар» табрик намуда, ба ҳар кадоми Шумо хушбахтӣ ва рӯзгори хушу осуда, осоишу оромӣ ва дар хонадонатон файзу баракатро таманно дорам.

Ҷашни «Рӯзи Модар» муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *