Таҷлил

Ҷанговарони башардӯст-дар меҳвари таваҷҷуҳ

 

Ҳамасола  15 феврал  Рӯзи  ҷанговарони башардӯст  ботантана қайд карда мешавад.  Ба ин муносибат ҷанговарони башардӯст ба хотири онҳое, ки дар он давраҳои мудҳиш ҷони худро бохта буданд, дар  назди муҷассамаи  “Модару сарбоз ” гулҷанбар гузоштанд. Сипас, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки  ҷанговарони башардӯст,  ҳамҷунин намояндагони даъватшудаи ташкилоти башардӯстони  ноҳияҳои гирду атроф,  роҳбарони мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,  сарварони муассисаю ташкилотҳо ва дигар фаъолон  ҷамъомади  бошукӯҳе  баргузор гардид.

Дар ҷамъомад  раиси ноҳия  муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер баромад карда,  башардӯстонро  ба ин муносибат табрику таҳният гуфт ва  дар бораи  кору фаъолияти онҳо ҷиҳати  иҷрои амри Ватан, хизмат ба башарият,  ҳимояи  манфиатҳои  халқ дар роҳи озодию истиқлол суханронӣ намуд.  Қайд карда шуд, ки  ҷанговарони башардӯст  дар лаҳзаҳои  зарурӣ  дар пайи иҷрои  амру фармонҳои Ватан  сидқан кӯшидаанд  ва онҳоро сарбаландонаю садоқатмандона ба сомон расонидаанд.  Давлат ва ҳукумат  хизматҳои содиқонаи ҷанговарони башардӯст-ро  ҳаргиз фаромӯш намекунанд  ва ҳамеша  дар меҳвари гамхориҳою  таваҷҷуҳи  худ қарор медиҳанд.

Дар ҷамъомад ҳамҷунин  намояндагони  ҷанговарони башардӯст  баромад карда,  аз лаҳзаҳои  фаромӯшнашавандаи хизмати ҳарбиашон  ва  фаъолияти имрӯзаашон  баҳри  ободию созандагӣ  ва бунёдкорию  шукуфоии Ватани азизамон, инҷунин аз гамхориҳои Пешвои миллат, Сарвари кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи башардӯстон ибрози андеша намуданд.  Баъдан  барои болидахотирии  ҷанговарони башардӯст  зиёфат ороста шуд ва  аз ҷониби  ҳунарпешагони Қасри фарҳанги ноҳия  барномаи консертӣ пешкаши  онҳо гардид.  Дар фарҷоми ҷамъомад ҷанговарони башардӯст бо  туҳфаҳои  хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Рӯзи ҷанговарони башардӯст дар ноҳия дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ  доир гардид. 

П. Нуров, И. Абдураҳмон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *