Фиреби одамон ва хариду фурeши онҳо дар ҷомеаи башарӣ яке аз масъалаҳои ташвишовару нангин боқӣ мондааст, ки дар чунин вазъият аз ҳар як фард зиракиро тақозо менамояд. Вобаста ба ин 5 феврали соли равон дар Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки масъулини мақомоти иҷроия, Ташкилоти ҷамъиятии «Хайрхоҳи замон», бахши кор бо ҷавонон, занон, маориф,ҲХДТ, Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ, ШВКД, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар фаъолон мизи мудаввар баргузор гардид.
Намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Хайрхоҳи замон» Б. Ғаниева дар ҳузури иштирокчиёни ҳамоиш суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақсади асосии ин ҷамъомад баланд бардоштани масъулиятнокӣ ва иштироки мақомотҳои маҳаллӣ, бахшҳои ҷавонон, занон, махсусан ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли проблемаҳои муқовимат бо савдои одамон ва меҳнати маҷбурӣ тариқи фиреби онҳо дар доираи амалишавии Барномаи давлатии «Мустаҳкам намудани чораандешиҳо ва ҷалби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар муқовимат бо хариду фурeши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» мебошад. Гуфта шуд, ки ҳар як шаҳрванд тақозо бояд кард, ки роҷеъ ба масъалаи савдои одамон бо роҳи фиребу найранг ва ҷалби онҳо ба муҳоҷирати меҳнатии бекафолат ҳушёр бошанд. Инчунин ҳар як шахс барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба кадом давлате, ки меравад, ё тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ кор дарёфт мекунад, бояд дақиқу аниқ фаҳмад, ки маҳз дар куҷо кор мекунад ва чӣ кор хоҳад кард, дар кори даъватшуда шароити корро фаҳмаду боварӣ ҳосил намояд, аз эълонҳои бардурeғ дар интернет бо пешниҳоди кумак сафар ба хориҷа ҳазар кунад, ки ба фиребу найранг ва хатари қурбонии хариду фурeши одамон дучор нагардад.
[амоиш хусусияти манфиатовар барои муълумоти кофӣ ва қавӣ пайдо кардани мардум вобаста ба ин мавзeъ аҳамияти калон касб намуд.
Н. Фозилҷон, Гулчеҳра