Сиёсат

«Бешарафӣ» саҳифаи дигари хиёнати Кабирӣ

 

Қисмати ҳафтуми филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» , ки тавассути тамоми шабакаҳои телевизионӣ зери лавҳаи «Бешарафӣ» намоиш дода шуда истодааст, дар фаъолияти хиёнаткорона, разилона ва бешарафонаи роҳбари Ташкилоти террористию экстремистии собиқ Хизби Наҳзати Исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, саҳифаи нави нангину беномусист. Зеро маҳз тавассути Кабирӣ  шахсияти дигар, яъне Муҳаммадиқболи Садриддин ба фиребу найранг ва хиёнатҳои бешарафонаи роҳбари ин Ташкилоти террористию экстремистии собиқ Хизби Наҳзати Исломӣ шомил гардида номуси инсонӣ ва аламовартар аз ҳама номуси мардии худро аз даст дод.

Муҳаммадиқболи Садриддин ва номуси аз дастрафтаи ӯ

Шараф ва номус барои ҳар як инсон дар ҳаёт танҳо як маротиба муйясар мешавад. Вале гоҳҳо ин номус ва шарафи инсонӣ баъзе ашхосро тарк менамоянд, ки сабабгораш метавонад дигарон бошанд. Муҳаммадиқболи Садриддин ҳангоме, ки ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчун муҳоҷири иҷборӣ сафар кард, гумон надошт, то мерасад он рӯзе ки ӯ ва ҳаммаслаконаш ба доми фиребу хиёнатҳои Муҳиддин Кабирӣ афтидаву номуси худ аз даст медиҳад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *