Таҷлил

ОМОДАГӢ БА ҶАШН

 

Дар ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳия бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  омодагиҳо  вусъати тоза гирифта истодаанд.  Дар ҳар як  маҳалла ва деҳоти ин ҷамоат  корҳои ободонию созанда-гӣ ва бунёдкорӣ  бештар суръат ёфта,  кӯчаю гулгаштҳо  боз ҳам зеботару назаррабо гардида истодаанд.  Ба шарафи ин ҷашни бузурги миллӣ  мувофиқи нақша-чорабиниҳои ҷамоат  42 иншоот бояд ба истифода дода шавад.  Ҷаҳду талоши  сохтмончиён ва аҳли заҳмати ҷамоат  имконият фароҳам овард, ки  аллакай  37 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.  ҳоло дар ин самт масъулин ба хотири ба сомон расонидани иншоотҳои дигар   аҳлона заҳмат кашида истодаанд.

Мардуми маҳаллаҳои  ҷамоати  мазкур  зиёда аз 2000 метр роҳҳои  маҳаллиро сангфарш намуда,  тақрибан 100 фурӯзонак ба хотири чароғон кардани кӯчаҳо дастрас намудаанд. ҳамчунин  дар даромадгоҳи деҳаи Сабзихарф  дарвозаи замонавӣ сохта,  дар ду тарафи кӯчаҳо дарахтони ҳамешасабз шинонда шудааст, ки  чунин   амалҳои созандаю  ободкунанда  ҳусни деҳотро боз ҳам  назаррабо кардаанд.

Бояд гуфт, ки  чунин корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ  имрӯз  дар тамоми ҷамоатҳои деҳоту шаҳраки ноҳия ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   бомуваффақият давом доранд.

 

      П. Нуров, Гулчеҳра

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *