Хабарҳо

Дастуру супоришҳоро амалӣ намоем

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарфакоронаю оқилона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти ҳаққи хизматрасонии он, роҳ надодан ба талафот, зиёдшавии қарзи маблағҳои неруи барқ, таъмини пурраи аҳолӣ бо ҳисобкунакҳои барқӣ, таъмини аҳолӣ бо ғизои арзону босифат, мунтазам тезонидани корҳои сохтмониву азнавсозӣ, чароғонкунии гирду атроф, шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ, гулу гулбуттаҳо, самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои  наздиҳавлигию ёрирасон, шудгоркунии замин-ҳо, кишти зироатҳои ғалладонагӣ, ривоҷ додани майдони кишти картошка ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, ки бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии зич доранд, Амри раиси ноҳияи Панҷ аз 16-уми декабри соли 2020 №119 «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ ҷиҳати бурдани кор-ҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, тариқи хона ба хона гаштан» вобаста ба  мавзӯъҳои дар боло  зикргардида ба тасвиб расонида шуд, ки ин хеле манфиатовару саривақтӣ ба нафъи халқ мебошад

.

  Аз саҳарии рӯзи 17 декабри соли равон гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тақсим шуда, бо усули хона ба хона суҳбату вохӯрӣ карданд ва корро дар ин самт ҷоннок намуданд. ҳангоми ворид шудани гурӯҳҳои корӣ дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар хусуси самараноку сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, пардохти ҳаққи хизматрасонии неруи барқ, истифода бурдани асбобҳои гармидиҳии каммасраф, бартараф кардани сарфи зиёдатии ғайримақсадноки қувваи барқ, кишти картошка дар заминҳои наздиҳавлигӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаи замин, тозаю озода нигоҳ доштани гирду атроф, ривоҷу равнақ додани корҳои ниҳолшинонӣ ва солимгардонии муҳити зист, омодагиҳо ба киштукори баҳорӣ ва дигар  масъалаҳои дар айни замон рӯзмарра мавриди баррасию фаҳмондадиҳӣ қарор дода шуданд. Суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳии гурӯҳҳои корӣ аз тарафи мардум хеле хуб пазируфта шуд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки чунин суҳбту вохӯриҳо ва корҳои фаҳмон-дадиҳӣ дар  байни халқ ва оилаҳо бо маром ва мувофиқи мақсад ҷараён доранд ва аз аҳамият холӣ нестанд.

 

                                                     П. Нуров, И. Абдураҳмон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *