Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо иштироки Сардори раёсати рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидов Султоншо ва мушовири Маркази машваратии Барномаи рушди СММ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Зокир тренинги омӯзиши оиди «Асосҳои банақшагирии стратегӣ» доир гардид.
Тренинги мазкур дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” (лоиҳаи LITACA)-и дафтари кории Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шудааст.
Ҳадафи асосӣ аз гузаронидани тренинги мазкур, ин баланд бардоштани малакаву дониши гуруҳи кории оид ба раванди банақшагирии стратегӣ мебошад.
Дар тренинг масъулини сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ ва мутахассисони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Меҳмонон, доир ба қоидаҳои дуруст ба ҳисобгирии имкониятҳои дохилӣ, ҷалб ва ба лоиҳаҳои барномаи рушди ноҳия ворид намудани онҳо ба иштироккунандагон, ки дар раванди таҳияи барнома бевосита иширок менамоянд, суханронӣ намуданд.
Дар маҷмӯъ дар тренинги мазкур 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, махсусан аъзои гуруҳи кори ноҳия иштирок карданд, ки аз онҳо 4 нафар занҳо буданд. Маводҳои тренинг бо забони тоҷикӣ омода шуда, бо усули омӯзиши интерактивии калонсолон ба роҳ монда шуд.
Ҳамин тавр дар ҳар ноҳия зинаҳову принсипҳои банақшагирии стратегӣ ба иштирокчиёни семинар шарҳ дода шуда, дар гуруҳҳо корҳои амалӣ ташкил гардида, ба иштирокчиён бо овардани мисолҳои ҳаётӣ фаҳмонида шуд.
Маркази матбуотии дастгоҳи раиси ноҳия