Пешрафт ва шукуфоии кишвар аз донишу малака, меҳанатдӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон вобаста аст. Аз ин рӯ, онҳо бояд ҳамеша барои омӯхтани илм, аз худ кардани касбу ҳунар ва такмил додани дониш кушиш намоянд.
Ҷавонони имрӯз бояд ватандӯст, боодоб, соҳибмаърифат ва фаъол бошанд. Бо меҳнати ҳалол, эҳтироми падару модар, омӯзгорон ва қонунҳои кишвар онҳо метавонанд дар рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Ҳамчунин, ҷавонон бояд аз одатҳои бад ва гурӯҳҳои ифротӣ дурӣ ҷӯянд ва вақти худро ба таҳсил, варзиш ва корҳои созанда бахшанд.
Ояндаи дурахшони миллат дар дасти ҷавонони босавод ва соҳибахлоқ аст. Агар ҷавонон бо иродаи қавӣ, дониш ва меҳнати содиқона зиндагӣ кунанд, онҳо метавонанд барои пешрафти Ватан хизмат намуда, зиндагии осоишта ва шукуфоро барои худ ва ҷомеа бунёд созанд.
