Сиёсат

Экстремизму терроризм ва хатари онҳо ба ҷони инсоният!

 

Дар Паёми имсолаи худ Пешвои маҳбубу муаззами миллат зимни ироаи Паёми имсолаи худашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тағйирёбии босуръати иқлим ва паёмадҳои нохўши он ба иқтисоди кишварҳои олам, афзоиш ёфтани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра ва шомил шудани ҷавонону наврасон ба чунин гурӯҳҳои тафриқаангезу ҷудоихоҳ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, муташанниҷу мураккаб гардидани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, изҳори андеша намуда, вобаста ба пешгирии ҳама гуна хатарҳо, ки ба ҷони инсоният таҳдид мекунанд, бори дигар диққати аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони Вазорату Кумитаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, равшанфикрону зиёиёнро ба ин масъалаҳо ҷалб намуда, дар ин самт ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас ва ҳидоятҳои раҳнамунсоз доданд.
Имрўз омилҳое ба монанди экстремизм ва терроризм ба назар мерасанд, ки ба халалдор намудани амнияти миллии кишвар сабаб мешаванд. Зуҳуротҳои террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи аввали Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ то имрўз ба мушоҳида мерасанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлоли дарк намуд, ки экстремизм ва терроризм ҷинояти махсусан хавфнок буда, он ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ равона карда шудааст.
Терроризм иҷрои амалҳоест, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал баровардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани имконияти ҷамъиятӣ, таъсиррасонӣ ба қабули қарордод аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва бо мақсади ба амал овардани вазъияти биму ҳарос ва тарсонидани аҳолӣ истифода мешавад.
Экстремизм бошад, изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ буда, инсонро ба даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ оварда мерасонад.
Зимни суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мегардад, ки тайи солҳои охир доираи хатару таҳдидҳои аз терроризму ифротгароӣ бароянда, мунтазам васеъ гардида, ин зуҳуроти харобиовар боиси оқибатҳои даҳшатбор мегардад ва фаъолияти созмону гурўҳҳои террористиву ифротгаро хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллӣ касб менамояд.
Бо мақсади пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ давоми соли 2025 тибқи нақша–чорабиниҳо дар байни шаҳрвандон, бахусус ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ ва ба ин восита роҳ надодани онҳо ба пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ 36 маротиба чорабиниҳои варзишю фарҳангӣ ва 27 маротиба ҷамъомад ва мулоқоту вохўриҳо гузаронида шуданд. Ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим имрўз дар ноҳия 157 майдонча ва 17 адад толорҳои варзишӣ мавриди истифодаи ҷовонон ва сокинони ноҳия қарор доранд.
Инҷо метавон ибрози андеша намуд, ки дар таърихи ҳар як миллату давлат саҳифаҳои сабақомўз, фаромўшнашаванда ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандонаи арзандатарин фарзандонаш ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд. Ин иқдомҳои нек барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат намудаву абадӣ боқӣ хоҳанд монд.
Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати комилу сартосарӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо хизмату талошҳои пайвастаи абармарди арсаи таърих, меъмор ва поягузори сулҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадба халқи тоҷик муясар гардид, ки таҳти роҳбарии ин сиёсатмадори хирадманд барои ободӣ ва рушди минбаъдаи ин ватани куҳанбунёд камари ҳиммат бандад.
Вазъияти ҷаҳони имрўза аз ҷумла хатарҳои сиёсӣ, ки ба ҷони инсоният таҳдид мекунанд тамоми моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки худро ҷиҳати роҳандозӣ намудани дастуру супориш ва сиёсати хирадмандонаву сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон аз ҷумла ноҳияи Панҷ, ки дар марзи худ бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳамсарҳад мебошад равона намуда, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем ва ба қадри гаронбаҳотарин дастоварди миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик, ки баъди соҳибистиқлолт ба даст омадааст, яъне сулҳу ваҳдат бирасем.

Мудири шӯъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Комилов С.Ш.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *