Бо ташаббуси мақомоти прокуратураи ноҳия санаи 11 феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ба муносибати «Рўзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад» ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки онро бо сухани ифтитоҳӣ прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1, муҳтарам Зувайдуллозода Манучеҳр Муҳибулло оғоз намуд. Дар ҷаласаи мазкур инчунин роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, донишҷўёни Коллеҷи инноватсионӣ, раисони деҳаву маҳаллаҳо, фаъолону собиқадорони меҳнат ва соҳаи хизмати давлатӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва имомони масҷидҳои панҷвақта, инчунин намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар иштирок намудан.
Дар оғози ҷаласа вобаста ба «Пешгирии экстремизми хушунатомез», ки барои терроризм замима фароҳам меоварад прокурори ноҳия Зувайдуллозода Манучеҳр Муҳибулло суханронӣ намуд. Зимни суханронии прокурори ноҳия таъкид шуд, ки: “Терроризм ва экстремизм вожаҳои нав набуда, дар таърихи инсоният садсолаҳо қабл арзи ҳатӣ намудааст ва дар замони муосир он хусусияти гурӯҳиро ба худ касб кардааст, ки асосан ба истифодаи зуроварии гурӯҳҳо ва бо ташкили ҳизбҳои манфиатҷў муқобили давлат –ҳамчун субъекти сиёсӣ баромад намуда, аз дигар тараф хатари таҳдиду зуровариро нисбати аҳолии осоишта ба амал мебарорад. Гуфта шуд, ки терроризм ва экстремизм аз рўйи оқибатҳои худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир мансуб ёфта, амнияти инсоният, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузоранд”.
Сипас сардори Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, Муродалиев Диловар Амиралиевич вобаста ба раванди ниҳоят тезу тунди экстремизму терроризм дар қисме аз мамлакатҳои сайёра, махсусан кишварҳои ховари миёна ва мубадал гардидани ин раванд ба мисли вабои аср суханронӣ намуд. Ҳангоми суханрониаш, муҳтарам Муродалиев Диловар Амиралиевич аз тамоми фаъолони ноҳия, махсусан роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони деҳаву маҳаллаҳо, собиқадорон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати пешгирии ин вабои аср ва таҳкими сулҳу субот ва соҳибистиқлолии кишвар дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Раиси суди ноҳия муҳтарам Сафарзода Диловар Амиралӣ вобаста таҷрибаи баррасии судӣ парвандаҳои ҷинояти хусусияти террестию экстиримитӣ дошта баромад намуда, аз аҳли толор бобати пешгирии ҳама гуна хушунатҳо,гаравидани ҷавонон ба гурӯҳои ифротӣ ва риояи қонуният муроҷиат намуд.
Муовини раиси ноҳия, Раҷабзода Мизроб Раҳим дар мавзўи “Раванди босуръати экстремизму терроризм дар замони муосир ва пешгирии он”, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзизода Каримҷон Нозил дар мавзўи “Фаъолияти Ташкилотҳои ибтидоии ҳизб бобати пешгирии экстремизми хушунатомез”, котиби Шўрои ҳаракати ваҳдати миллӣ дар ноҳия Нуров Пирмаҳмад дар мавзўи “Ваҳдати миллӣ –омили пешрафти ҷомеа” ва “Экстремизм- ҳамчун вабои аср” маърўза намуданд.
Дар охири ин ҷаласа прокурори ноҳия, Зувайдуллозода Манучеҳр Муҳибулло бори дигар таъкид намуданд, ки мубориза бар зидди экстремизму терроризм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи Ҷонии ҳар як фарди ватандўсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди миллидошта мебошад.
Бинобар ин дар чунин шароити басо ҳассоси минтақа ва ҳаҳон ҳар яки мову Шуморо зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар пешгирии ҳама гуна хатарҳои ба ҷони инсон таҳдидкунанда, махсусан экстремизми хушунатомез ва терроризм дар ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳо ва саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда- пойдории сулҳу суббот ва таъмини амнияти фарогир чораву тадбирҳои заруриро таувият бахшида, онро роҳандозӣ намоем.
Ҷаласаи васеи мақомоти прокуратураи ноҳияи Панҷ ба муносибати “Рўзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад” кори худро ба анҷом расонд.
Ҳамзамон дар доираи ҷашни “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстримизми хушунатомез” дар варзишгоҳи марказии ноҳия чорабиниҳо варзиши бо ҷалби ҷавонон баргузор карда шуд.

