Сиёсат

Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, муҳтарам Иброҳимиён А.К. ба муносибати таҷлили «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24.11.25

 

Ҳозирини арҷманд!

Барҳам хӯрдани собиқ иттиҳоди Шӯравӣ гарчанде саҳнаи ҷудогонаи харитаи сиёсии ҷаҳон бошад ҳам, умумияти аломатҳо ва хусусияти тавъамии он аз ҳалқаҳои мантиқии як сиёсати ҳаҳонӣ буданаш гувоҳӣ медиҳад. Яъне як сиёсате, ки оқибатҳои мухталифро ба дурнамои халқу миллатҳо инъом карда, тобеъ будани онҳоро зери парчами манфиатҳои нави ҷаҳонӣ собит сохт.
Яке аз қадамҳои таърихие, ки дар самти барқарории рукнҳои давлатдории миллӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, қабул ва ба арзишҳои меҳварии умумимиллӣ табдил ёфтани Нишони давлатӣ ва Парчами миллии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд. Мусаллам аст, ки Парчам нишонаи ҳокимият дар як қаламрав мебошад ва боло шудани он рамзи пирӯзӣ маҳсуб меёбад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз пас аз қабули Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалан пурраю комил гардид.
Ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 24 ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба муносибати таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯзҳо дар фазои сулҳу субот ва соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии хирадмандонаву оқилона ва бунёдгузоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардида истодааст самимона табрик намуда, таманнои онро дорам, ки бигузор Парчами мо рамзи давлатдории тоҷикон, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон, то абад парафшон ва илҳомбахши раванди бомароми созандагиву бунёдкории Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва мардуми фарҳангсолору тамаддунофари тоҷикон бошад.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин эҳтироми миллат ба давлату давлатдорӣ мебошад.
Парчами давлатӣ ҳамқадами соҳибистиқлолии кишварамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ, аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Дар баробари ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ ба шумор рафта, шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳамаҷониба ва соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Дар ин радиф аз ҷониби Пешвои маҳбубу муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 165 метр барафрохта шуд, ки баландтарин Парчам дар дунё маҳсуб мешавад.
Имрӯзҳо хушбахтона дар доираи дастгирӣ аз иқдому ташаббусҳои наҷибона ва ватандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар арафаи ҷашну санаҳои муҳими таърихӣ Нишону Парчамҳои давлатӣ барафрохта шуда истодаанд, ки барои бозҳам баланд бардоштани қуввияти миллӣ, соҳибистиқлолӣ ва ватандӯстии сокинони кишвар мусоидат хоҳад кард.
Хушбахтона моҳи ноябри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи мо низ Парчами давлатӣ бо баландии 45 метр барафрохта шуда, майдони он мавриди истифодаи меҳмонону сокинони ноҳия қарор дода шуд.
Дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рангҳои сурх, сабз ва сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни муборизони роҳи озодӣ ва сабзии хатти дафтару девони гузаштагон маншаъ мегирад, ҳамчун таҷассумгари соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ инъикос гардидаанд.
Бинобар ин арзанда аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як фарди миллат қарор бигирад, зеро Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии миллат ва давлатдории он гувоҳӣ медод.
Имрўз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи як кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам парафшонӣ намуда ба оламиён аз мавҷудияти як давлати тозаистиқлол, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон, мужда медиҳад.
Аз ин рӯ муҳаббат ва эҳтироми Парчами давлатӣ бояд дар қалби ҳар як фарди бонангу номус маъво дошта, ӯро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам бояд дар зеҳну шуури ҳар як фард аз овони хурдӣ тарбия карда шавад, ки ин рисолати муҳим ва вазифаи ҳар як инсони ватандӯст мебошад.
Бори дигар «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!ф

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *