Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон
Раиси ноҳияи Панҷ
Қ А Р О Р
Аз « 4 » сентябри соли 2025 № 366 н. Панҷ |
Дар бораи гузаронидани озмун барои
ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
Мутобиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қарор мекунам:
- Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
– мудири бахши молиявӣ ва хоҷагидории дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари бахши молиявӣ ва хоҷагидории дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– сармутахассис –ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;
– сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассисси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– мутахассисси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷамоати деҳоти Озодагон;
-сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахассис (омор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассисси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахассиси (заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– сармутахассис (омор)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассисси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассисси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбари (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;
– сармутахассиси заминсози ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Намуна;
-мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Намуна озмун гузаронида шавад
2. Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шавад, ки қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабонро мувофиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун ба роҳ монад.
3. Қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 16 июни соли 2025, №165 аз эътибор соқит дониста шавад. |
Раиси ноҳияи Панҷ: Иброҳимиён А.К.