Сиёсат

Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем!

 

6 майи соли  равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади судманде  баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода  Нусратулло Неъмат, раиси ноҳия  муҳтарам  Иброҳимиён Акмал Комилзода, муовинони раиси ноҳия, мудирони бахшу  шуъбаҳо, рохбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ,  раисони кумитаҳои маҳалла, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ  ва  дигар фаъолон иштирок  доштанд.

Ҷамъомадро раиси ноҳия  муҳтарам  Иброҳимиён  Акмал  Комилзода ҳусни кушоиш бахшида, дар  бораи мақсаду  ҳадафҳои ҷамъомади мазкур суханронӣ кард. Сипас  сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти  миллии Тоҷикистон  дар вилояти  Хатлон муҳтарам Мирзозода  Нусратулло Неъмат  ба сухан баромада, дар бораи таърихи даврони соҳибистиқлолӣ, солҳои мудҳишу  ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ, зарару хисороти ин ҷанг, хиёнатҳои наҳзатиёну  ифротгароёни диёр дар он  солҳои душвору даҳшатовар, хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор  намудани Ҳукумати  қонунӣ ва рушду  нумуи он, вазъи имрӯзаи пешгӯинашавандаи  ҷаҳони муосир суҳбатҳои судманде карданд.

Мавсуф қайд  намуданд, ки абарқудратон аксаран дини Исломро ҳамчун  абзори бозиҳои сиёсиву  геополитикӣ барои мардуми  машриқзамин истифода бурда, мақсадҳои ғаразноку нифоқангези худро ба  хотири амалӣ сохтани сиёсати геополитики худ роҳандозӣ карда истодаанд. Дар ин  росто кӯшиш  ба харҷ медиҳанд, ки бо истофода аз душманони миллати мо, ки дар  хориҷи кишвар дар  ҳаққи мардуми Тоҷикистон, роҳбарияти он дурӯғу  буҳтонҳо мезананд, дастоварду  комёбиҳои даврони соҳибистиқлолиро нодида мегиранд ва аз  сари нав кишвари моро ба  таҳлуқаҳову  даҳшатҳои нав расониданианд, абарқудратон вазъи сиёсии мамлакати моро халалдор  сохтанианд.

Вале  мардуми  Тоҷикистон, ки дар  солҳои навадуми қарни гузашта аз васвасаю  дасисаҳои душманони миллат огаҳии воқеӣ пайдо кардаанд, дигар ба  онҳо боварӣ надоранд.Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ,  баъди сарҷамъ  кардани мардуми пароканда ва берун аз  Ватан, ки бо ташаббусу ибтикороти бевоситаи Сарвари кишвар гурезагону  ҳамватанони мо ба  Ватан баргаштанд, рӯ ба рушд  ниҳод. Имрӯз мамлакати мо ба  тарзи  шинохтанашаванда  тараққӣ кард,  вале  душманони миллат аз ин хеле дар  хавотиранд, зеро дигар  ҳеҷ кас онҳоро  дастгирӣ намекунад.

Бо  вуҷуди ин, муҳтарам Мирзозода  Нусратулло  Неъмат таъкид  намуданд, ки дар мамолики шарқ ва  ҷаҳони имрӯза зуҳуроту  падидаҳои бисёр ҳам  хавфноку даҳшатовар, аз  қабили шомилшавии ҷавонон  ба  ҳизбу  ҳаракатҳои террористиву  экстремистӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилона, киберҷиноятҳо, пайравӣ ба фарҳангу анъанаҳои бегона, хурофоту  таассуб ва  зарари он ба  ҷомеа, баҳудаю беҳуда  пайравӣ кардан ба либоспӯшии бегонагон, аз фарҳангу маънавиёти аслии хеш берун шудан ва  амсоли инҳо барин масъалаҳои мубрами рӯз дар байни мардуми мо ҷой  доранд. Вазифаи ҳар як зиёӣ, роҳбари ҳар як  корхонаю муассиса, ҳар  як  фарди поквиҷдону бо нангу  номуси Ватан дар байни  мардум корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурда, ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастию инсондӯстӣ, хештаншиносию  худогоҳӣ, аз худ  намудани асосҳои илму  дониш, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, саҳми  муносиб гузоштан дар  рушду  нумуи кишвари азизамон тарбия  намудан аст.

Ҷамъомадро раиси ноҳия мухтарам  Иброҳимиён  Акмал  Комилзода ҳусни анҷом  бахшид ва меҳмонро  бовар кунонид, ки мардуми ноҳия маслиҳатҳои судманди имрӯзаро дар кору  фаъолияти ҳаррӯзаи худ амалӣ хоҳанд кард.                                                                 Н.  Фозилҷон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *