Дар асоси Конститутсияи худ Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд эълон гардидааст. Сиёсати давлатии кишвар ба он равона карда шудааст, ки тамоми шароит барои зиндагии бошарафона ва рушди озодии шаҳрвандон мавҷуд бошад. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ҳал кардани масъалаҳои иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мебошад. Ҷиҳати дигари муҳими сиёсати давлатӣ ин таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон мебошад. Зеро айни замон кишварҳои ҷаҳон дар пешоруи хатарҳои ҷиддии марбут ба терроризму ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб қарор доранд ва дар ин маврид Тоҷикистон низ истисно нест. Бояд қайд кард, ки терроризм ва ифротгароӣ аз тундгароии динӣ бармеоянд. Аз ин рӯ, муайян кардани омилҳо ва сабабҳои сар задани тундгароии динӣ дар Тоҷикистон, инчунин андешидани тадбирҳо барои пешгирию бартараф намудани ин падидаи номатлуб ниҳоят зарур мебошад.
Шароити мусоид барои пайдоиши тундгароии динӣ дар кишвари мо ҳанӯз дар охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта, баъди амалӣ гардидани сиёсати “бозсозӣ”-и собиқ раҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омада буд. Маълум аст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дину мазҳаб то дараҷаи муайян маҳдуд карда шуда, фаъолияти қишри рӯҳонӣ сахт назорат мешуд. Бо заиф гардидани ин гуна сиёсат ва додани озодиҳо дар масъалаҳои миллию динӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар соли 1985, ҷомеаи Тоҷикистон якбора дигаргун шуд. Мутаасифона, аксарияти мардум худшиносии миллиро маҳз дар афзоиш додани диндорӣ фаҳмиданд. Аксарияти мардум ба дину мазҳаб рӯй оварданд ва тадриҷан сатҳи таассубу хурофоти динӣ боло рафтан гирифт.
Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва фалаҷ гардидани сохторҳои давлатӣ, шароити мусоид барои фаъолияти созмону гурӯҳҳои мутаассиби динӣ ба миён омад. Фаъолияти эмиссарҳои исломӣ дар кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфт. Неруҳои хориҷии муайяни исломӣ мақсад доштанд, ки равияҳои гуногуни исломро дар байни аҳолӣ таблиғ намоянд. Эмиссарҳои хориҷӣ, ки дастгирии хуби молиявӣ доштанд ва ба таври муташаккилона омодагӣ гирифта буданд, ба фаъолияти оид ба ҷалби аҳолии маҳаллӣ ба мазҳабҳо ва ҷараёнҳои динии худ машғул шуданд. Дар он замон бо сабаби гирифтори буҳрони амиқи ҳамаҷониба будан, Ҳукумати Тоҷикистон имконият ва иқтидори назорати амалҳои фаъолонаи исломиҳоро надошт, ки оқибати он ҳолат сар задани ҷанги дохилӣ буд. Баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ мардуми тоҷик бо истифода аз анъанаҳои мардумӣ ва одатҳояшон таъсири исломи тундгароро то андозае паст карданд. Эҳтиром ва боварӣ ба ислом нигоҳ дошта шуд, лекин исломгароӣ ҳамчун системаи сиёсӣ ҷолибияти худро аз даст дод.
ТТЭ ҲНИ, ки дар охири замони шӯравӣ аллакай пинҳонӣ фаъолият дошт, ба амалҳо ва таблиғоти ошкоро дар байни аҳолӣ шуруъ кард. Доираҳои манфиатдори мазҳабӣ ва созмонҳои динии радикалии хориҷӣ низ аз чунин фурсат истифода карданд ва бо раҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва рӯҳонияти мутаасиб робита барқарор карда, фаъолияти таблиғотии худро дар Тоҷикистон тавассути онҳо ба роҳ монданд. Авҷ гирифтани таассуб ва тундгароии динӣ дар солҳои навадуми асри гузашта боиси сар задани ҷанги дохилӣ гардид, ки оқибатҳои фоҷеабори он ба ҳама маълуманд. Яъне мо шоҳиди он гардидем, ки чї тавр дар як муддати кутоҳ болоравии диндорӣ ва таассуби мазҳабӣ ба тундгароӣ табдил ёфт, ки натиҷааш терроризм ва ҷанги дохилӣ буд.
Марҳилаи дигари болоравии тундгароии динӣ баъд аз барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон шуруъ гардидааст. Тоҷикистон баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ давраи пас аз муноқишавиро аз сар гузаронд, ки ба нобуд гардидани саноату иқтисод, пастшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дар ҳолати қашшоқӣ қарор гирифтани бештари сокинони кишвар марбут аст. Дар баробари ин сатҳи донишу ҷаҳонбинии мардум ва хусусан ҷавонон коста гардид. Кишвари мо ба буҳрони амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дучор шуда буд. Сатҳи ҷинояткорӣ боло рафта, дар кишвар бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ афзоиш меёфт. Табиист, ки дар ин гуна вазъият сатҳи диндории аҳолӣ боло меравад. Зеро аксарияти аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон дар пешорӯи нобаробариҳои зиндагӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ ноилоҷ мемонанд ва рӯй ба дину мазҳаб меоранд. Чунин вазъият барои фаъолияти неруҳои ифротӣ мусоид аст. Масъулони ташкилотҳои ифротии динӣ бо истифода аз ин ҳолат, таблиғоти худро вусъат бахшида, як қисми осебпазири аҳолӣ, хусусан ҷавононро ба тарафи худ ҷалб менамоянд ва зери таъсир қарор медиҳанд, ки дар натиҷа дар ҷомеа тундгароӣ афзоиш меёбад. Раванди мазкур гарчанде ки коҳиш ёфтааст, аммо то ҳануз дар кишварамон идома дорад.
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки нодида гирифтан ва сарфи назар кардани ҷавонон дар шароити бесуботии сиёсӣ ва паст будани сатҳи зиндагӣ метавонад сабабаи нооромиҳо ва эътирозҳои онҳо гардад. Дар аксар мавридҳо ҷавонон дар муассисаҳои давлатӣ бо маоши меъёрї кор карда наметавонанд ва рӯ ба дигар воситаҳои ба даст овардани манфиати моддӣ мениҳанд ва ба доираҳо ва гурӯҳҳои ҷиноятӣ меафтанд. Дар натиҷа чунин ҷавонон дар сафҳои сохторҳои ҷиноятӣ ва ё тундгарои динӣ қарор мегиранд.
Яке аз омилҳои асоситарини пайдоиши тундгароӣ ин таҳсили наврасону ҷавонон дар таълимгоҳҳои ғайрирасмӣ ва пинҳонии динӣ мебошад. Дар натиҷаи ба воситаи муллоҳои иртиҷоии мутаассиб гирифтани таълими динии нодуруст ҷавонон зери таъсири ин гуна муллоҳо меафтанд ва ба осонӣ ба шахси тундгаро мубаддал мегарданд.
Таҳсили ҷавонони тоҷик дар таълимгоҳҳои динии хориҷӣ омили дигари асосии пайдоиш ва ривоҷи тундгароӣ мебошад. Дар замони истиқлолият шумораи зиёди ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои арабӣ, Эрон, Афғонистону Покистон таҳсил карда, зери таъсири мазҳабҳои дигар, равия ва ҷараёнҳои хатарноки мазҳабӣ қарор гирифтаанд. Баъди бозгашт ба Ватан ҳар нафари хатмкардаи таълимгоҳҳои динии хориҷӣ дар Тоҷикистон ақидаҳои радикалии барои ҷомеаи мо бегонаро таблиғ менамояд. Дар натиҷаи чунин фаъолият дар кишвар тундгароӣ афзоиш меёбад. Аз ин рӯ, рафтани ҷавонон барои таҳсил ба хориҷа бо роҳҳои ғайрирасмӣ хатари зиёд дорад. Берун аз назорати давлати худ қарор гирифта, ҷавонони тоҷик зери таъсири сахти ҷараёнҳо ва созмонҳои исломии ба монанди “салафия” ва ғайра мемонанд. Онҳо ба Ватан баргашта бо рӯҳонияти анъанавӣ дар мухолифат қарор мегиранд ва боиси сар задани ихтилофу тундгароӣ дар ҷомеа мешаванд.
Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон шумораи бештари тундгароён ин пайравони пинҳонкори равияи ифротии салафия мебошанд. Онҳо тарафдори исломи бунёдгароёна ҳисобида мешаванд, нисбат ба дину мазҳабҳои дигар ва дунявият оштинопазиранд. Онҳо воридшавии ҷараёнҳои фалсафӣ ба исломро намепазиранд. Тарафдорони равияи ифротии салафия ба таври қатъӣ муқобили дар Тоҷикистон таҷлил кардани ҷашнҳои мардумӣ-таърихии тоҷикӣ, мисли Наврӯз, Сада ва Меҳргон буда, инҳоро марбут ба оини зардуштӣ медонанд. Дар Тоҷикистон, тибқи иттилои мақомоти марбута, дар ҳолати соли 2010 чанд ҳазор салафиҳо мавҷуд буданд. Дар баробари ин, таҳлили сабабҳои паҳншавии ифротгароии динӣ дар шакли салафӣ-ваҳҳобӣ дар ҷумҳурӣ имкони ошкорсозии омилҳои дар байни аҳолӣ устувор гардидани мавқеи онро фароҳам меорад.
Паҳншавии босуръати салафия дар байни ҷавонон тундгароиро дар умум ривоҷ медиҳад ва ин раванд бисёр хатарзо мебошад. Аломату нишонаҳои шахсони пойбанди тундгароию салафия гардида ин диндории сахт, бурдани зиндагии шахсии комилан пӯшида, риояи ҳатмии талаботи шариат мебошанд. Тундгароёни салафӣ мақсади ҷорӣ кардани шариатро ҳатто бо роҳи зуроварию муборизаи мусаллаҳона доранд.
Омили дигари асосии тундгарошавии ҷавонон ин надоштани донишҳои оддӣ дар бораи асосҳои дини ислом мебошад. Фаҳмиши нодуруст дар бораи дини ислом, ки аз тарафи рӯҳониҳои мутаасиб ва мубаллиғони ифротӣ таълим дода мешавад, дар аксар мавридҳо ҷавононро ба гумроҳӣ, яъне ба тундгароӣ мебарад.
Рӯҳониҳои мутаассиб ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар зеҳни ҷавонон ҳиссиёти эътирозро бар зидди сохтори мавҷудаи ҷомеа ва давлат таҳрик диҳанд. Ҳамин тавр, рӯҳияи эътирозии ҷавонон ифодаи худро аз ҷумла дар шакли исломгароии тундгароёна («исломи сиёсӣ») меёбад. Як қисми чунин нафарон имконияти ба амал омадани дигаргуниҳоро дар кишвар дар воридсозии шариат ба сифати асосҳои қонунгузорӣ ё барқарорсозии халифат ҳамчун шакли сохти давлатӣ мебинанд. Чунин тасаввурот ҳам бо таъсири «омили беруна» ва ҳам дар натиҷаи шароит ва сабабҳои дохилӣ рух медиҳанд.
Баъзе давлатҳои хориҷї кӯшиш мекунанд, ки ба вазъияти динӣ-сиёсии Тоҷикистон таъсири барои худашон манфиатовар расонанд. Онҳо ҳанӯз аз соли 1990-ум сар карда фаъолияти пурзӯри худро оид ба паҳнсозии бунёдгароии динӣ ва тундгароӣ дар Тоҷикистон ба роҳ мондаанд.
Барои паҳн кардани ақидаҳои тундгароёна ташкилотҳои хориҷии исломии ифротӣ воситаҳои муосири муоширати оммавӣ, аз ҷумла Интернетро ҳамчун воситаи барои ҷавонон машҳур ва ҷолиб, васеъ истифода мебаранд. Аз хориҷа ба Тоҷикистон дар ҳаҷмҳои калон адабиёт, маводи аудиоӣ ва видеоии дорои мазмуни ифротгароёна ворид мегардад.
Имрӯз дар кишвар рӯҳонияти расмӣ ба бурдани корҳои тарбиявӣ дар байни ҷавонон, «пешгирии таассубгароӣ, хурофот, ифротгароӣ ва маҳдудияти динӣ, инчунин ба мустаҳкамсозии ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ» равона карда шудааст.
Хулоса, самти сиёсати роҳбарияти Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо тундгароии аҳолӣ ва хусусан ҷавонон, бо дар назардошти ҳамаи омилҳои номбаргардида ба роҳ монда шудааст. Дар солҳои охир мутобиқ гардондани қонунгузорӣ, ҳамоҳангии сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар маҷмуъ раванди афзоиши тундгароиро дар кишвар то андозае коҳиш додааст. Аммо ин падидаи хатарнок ҳануз пурра аз байн бурда нашудааст. Аз ин сабаб андешидани тадбирҳои муассир ва ҷалби имконияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, тамоми қишрҳои ҷомеа барои мубориза бар зидди тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб талаби замон мебошад.
Мудири бахши дин,танзим
ҷашну маросими мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Панҷ Давлатхоҷаев Д