Хабарҳо

Барқ – воситаи муҳими зиндагии инсон

 

26 майи соли 2025 дар толори мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони кумитаи маҳаллаҳо ва дигар фаъолону масъулин  ҷамъомад гузаронида шуд. Дар ҷамъомад, ки онро муовини раиси ноҳия И.Хоҷазода ҳусни оғоз бахшид, ёрдамчиии калони прокурори ноҳия Т.Шодизода баромад кард. Мавсуф дар баромади худ ҷиҳати тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  оиди истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ, дар ҳолати вайрон кардани талабот оид ба  иҷрои санадҳои ҳуқуқӣ, ҷаримаҳои пешбинишуда, ҷазоҳои маъмуриву ҷиноӣ дар мавриди қонуншиканиҳои соҳа,  фаҳмондадиҳӣ ва таблиғу тарғиби  тағйироти  воридшуда ба Кодексҳои маъмурӣ  ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд. Қайд карда шуд, ки тағйиру иловаҳо танҳо ба хотири ҳимояи манфиатҳои мардум, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи неруи барқ  ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нигаронида шудаанд.

Ёрдамчии калони прокурор муҳтарам Т.Шодизода аз ҳама иштирокчиён даъват ба амал овард, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро ҷиҳати тағйиру иловаҳои воридгардида дар байни аҳолӣ  дар сатҳи баланди талаботи рӯз ба роҳ монанд.

Дар фарҷоми ҷамомад муовини раиси ноҳия муҳтарам И.Хоҷазода масъалаи болозикрро ҷамъбаст намуд ва зарурати онро дар шароити кунунӣ бори дигар таъкид намуд.

Т.Шодизода, ёрдамчии калони прокурори ноҳия

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *