Хабарҳо

= Ба истиқболи ҷашни Меҳргон=

 

                   Меҳргон ҷашни миллии мост

         Меҳргон яке аз қадимтарин  ҷашнҳои  миллии   мардумии мо   буда, таърихи  дуру дароз  дорад, вале  муддатҳои тӯлонӣ  ба гӯшаи  фаромӯшӣ  монда буд. Шукри даврони соҳибистиқлолӣ, ки дар баробари эҳё намудани бисёр арзишҳои миллӣ, ҳамчунин суннатҳоеро, ки қариб гумном шуда буданд, аз нав зинда кард. Ҷашни Меҳргон аз ҷумлаи он ҷашнҳои бузурги миллиест, ки таърихи  чандин ҳазорсола дорад. Ниёгони мо ин ҷашни фархундапайро дар радифи ҷашнҳои бузурги Наврeзу Тиргон ва Сада ботантана ва шукeҳу шаҳомати хоса қайд мекарданд. Дар бораи ин ҷашни таърихӣ ҳатто дар «Авасто»-ю «Шоҳнома»-и безаволи А. Фирдавсӣ, асарҳои таърихии Муҳаммад Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Наврeзнома»-и Умари Хайём ва дигар осори илмию таърихӣ ва адабии гузаштагонамон маълумот дода шудааст.

Мувофиқи маълумоти ин асарҳо ориёиҳои қадим моҳи ҳафтуми сол, ки Меҳр (Офтоб) ном дошт ва тақрибан аз 22 сентябр то 22 октябр давом мекард, дар ҳамон давра иди Меҳргонро таҷлил  менамуданд. Калимаи Меҳр дар сарчашмаҳои таърихӣ дар шакли Митра ё Митракона омадааст. Ривоят мекунанд, ки гeё Фаридун дар ҳамин моҳ бо Заххок ғолиб омада бошад. Худи Меҳр маънои Офтоб, рӯшноӣ, дeстӣ, муҳаббат, гармиро дорад.

Дар давраи Сосониён ҷашни  Меҳргон хеле бо шукeҳу бо тантана мегузашт. Чун ҷашни Наврeз мардум айёми баргузории иди Меҳргон хонаю дарашонро тозаю озода мекарданд, либосҳои наву идона пeшида, ба ҷашнгоҳ мерафтанд. Дар ҷашнгоҳ дастархони идона густурда мешуд ва мардум шодию хурсандӣ мекарданд.

Маҳз ҳамин хусусиятҳои ин ҷашни миллӣ, ки ба давраи ҷамъоварии ҳосили сарпанҷаи деҳқон рост меояд, онро ҷашни бузурги соҳаи кишоварзӣ меноманд. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҷашни суннатӣ умри дубора бахшид. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2008, таҳти №538 ҳар сол моҳи октябр ҷашни Меҳргон дар тамоми гeшаю канори кишварамон таҷлил мегардад. Деҳқонон, боғу токпарварон, чорводорон, кулли кишоварзон барои истиқболи ин ҷашн омодагӣ мегиранд. Аз маҳсулоти меҳнати худ намоишгоҳ ташкил мекунанд, ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Меҳргон ҳамеша мусоидат намуда, дастуру супоришҳои мушаххас додаанд. Сарвари кишвар нисбати ин ҷашни суннатӣ низ муҳаббати самимӣ доранд ва пайваста таъкид менамоянд: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун  ситоишу  ниёиши  Меҳр ё Митра ва рамзи аҳду паймон ва дeстиву муҳаббати  ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд.  Меҳргон  иди ҷамъоварии ҳосили рeёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дeстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».

                                                               П.Нуров, Д.Муродова 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *