Суханрониҳои раис

Табрикоти раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ муҳтарам Шоҳиён Зарифҳӯҷа Фақер ба муносибати «Рӯзи забони давлатӣ» (5.10.24)

 

        Ҳозирин ва ҳамдиёрони азиз!

 

Дар сарсухани ҷилди дуюми асари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» чунин оварда шудааст: «Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад». Пешвои маҳбубу муаззами миллат дар ин асараш ҳамзамон иброз намудаанд, ки: «Барои манн забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муоишират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад»

Забони тоҷикӣ дар асри Х дар давраи нави таърихии худ, яъне  замони давлатдории сомониён ба авҷи камолот расида, як даврони тиллоиро ба сар бурд. Вале зиёда аз ҳазор сол пас аз барҳам хурдани давлати Сомониён то даврони Истиқлолияти давлатӣ, яъне то замони ташкили давлати навини тоҷикон ба маҳдудиятҳои зиёде дучор гардида, дар арсаи таърих тақдири он дар дасти бегонагон буд.

Ин забони дорои воқеан таърихи чандинасра дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҳомии ҳақиқиву аслӣ ва воқеии худро дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт намуд. Зеро Пешвои муаззами миллат бо камоли ғамхориву дилсӯзӣ ва фарҳангдӯстӣ дар қатори дигар арзишҳои миллӣ муқаддас будани забонро пайваста таъкид намуда, дар роҳи ҳифзу гиромидошт ва эҳёи он заҳматҳои зиёде кашида, миллати куҳанбунёди моро барои муқаддас нигоҳ доштани ин ёдгории беназири ниёгон ҳидоят намуданд.

Дар доираи иқдомҳои фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман «Рӯзи забони давлатӣ» эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Ба муносибати таҷлили ин сана тамоми мардуми шарифи ноҳия ва Шумо ҳозирини гиромиро самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо дар ҷодаи хизмат ба хотири ҳифз ва рушди забони давлатӣ барору комёбӣ таманно дорам.

Ҳамдиёрони азиз!

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ҳар сол таҷлили «Рӯзи забони давлатӣ» дар ҳафтаи аввали моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад, ки ба таҷлили «Иди касбии омӯзгорон» рост меояд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми устодону омӯзгорони ноҳияро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик намуда, дар рӯзгор ва фаъолияташон сарбаландӣ ва барору комёбӣ хоҳонам.

Ҳозирини арҷманд!

Мехоҳам иброз намоям, ки санаи 5 октябр, ки ҳамчун «Рӯзи забони давлатӣ» ҷашн гирифта мешавад, ҳамзамон ба санаи зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ рост меояд.

Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ва кули сокинони ноҳия ба Пешвои маҳбубу муаззами миллат тансиҳатӣ, умри дароз ва дар фаъолияти касбии ниҳоят пурмасъулашон барору муваффақият хоҳонем.

Ҳозирини гиромӣ!

Таърихи ҳаёти инсоният собит намудааст, ки устувории ҳар миллату давлат пеш аз ҳама ба забони миллиаш вобаста мебошад. Дар таърихи худ кам набуданд миллату қавмҳое, ки бо тамаддун ва фарҳанги гаронбаҳои худ бо иллати аз даст додани руҳи миллии хеш, яъне забони модарӣ аз саҳифаи таърих дур шуданд. 

Имрӯз ки раванди ҷаҳонишавии барои аз байн рафтани забони давлатии халқҳои хурду бузурги сайёра хатар эҷод карда истодааст, бояд ҳар миллати соҳибзабон аз ин раванд сабақи ҷовидонӣ бигирад. Яке аз омилҳои эҷоди хатари ҷаҳонишавӣ, таъсиру нуфузи забонҳои мухталиф, майли беандоза  ба забонҳои ғайр ва бетаваҷҷуҳии аз ҳад зиёд ба технологияи пешрафтаи муосир мебошанд.

Ба ин хотир Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид месозанд, ки: «Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд».

Гузашта аз ин Пешвои миллат бо такя ба қудратофарини забони тоҷикӣ дар истиқрори сулҳу ваҳдат ба он ҳамчун рукни муҳимми давлатдорӣ пайваста арҷ мегузоранд. Ин буд ки дар партави сиёсати хирадмандонаву фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллии таърихии мо ба волотарин маснади худ – мақоми давлатӣ соҳиб шуд.

Ҳозирини арҷманд!

Ҳамаи мову Шумо аз таърих хуб огоҳӣ дорем, ки гузаштагони мо бо вуҷуди ҳама гуна нобасомониҳо таърих, бераҳмӣ, ноинсофӣ, зулм, сӯхтор, қатлу куштор ва шикасту парокандагиҳо забони худ-забони тоҷикиро поянда нигоҳ доштанд. Зеро забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад.

Дар моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати забони давлатии Тоҷикистон эътироф шудани забони тоҷикӣ ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат мебошад дар таърихи давлатдории навин ва забони тоҷикӣ як саҳифаи наве кушод. Ин қонун барои рушди забони тоҷикӣ заминаҳои ҳуқуқӣ, илмиро муҳайё сохта, ҳамзамон барои истифодаи озоди забонҳои дигар, аз ҷумла забонҳои модарии ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳои сокини кишвар шароити муносиб фароҳам овард.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо талошу заҳматҳо ва ташаббусу иқдомҳои наҷибонаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам               Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ ва давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо дар мақоми забону илм, маориф, фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ ва инчунин тиҷорат қарор дошта, ба таври озод дар умури сиёсати дохиливу хориҷӣ истифода гардида истодааст.   

Бинобар ин қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро дар радифи модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтиром кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.

 Бори дигар тамоми сокинони ноҳия, бахусус, аҳли зиёро ба муносибати «Рӯзи забони давлатӣ»  самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо баракат ва сарвати зиндагонӣ, фараҳу шодмонӣ ва барору комёбӣ хоҳонам.

«Рӯзи забони давлатӣ» муборак, ҳамдиёрони азиз! 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *