Суханрониҳои раис

Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён З.Ф. ба муносибати 27-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ (26.06.24)

 

 

 Ҳамдиёрони азиз!

Дар охирҳои қарни 20 ва ибтидои асри 21 дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дигаргунию тағйиротҳои комилан наву бузурге ба вуқуъ пайвастанд, ки самт ва гардиши чархи замони муосирро куллану ҷиддан дигаргун намуданд. Ҷаҳон ба марҳилаи ҷадиду тасаввурнопазири таърихӣ ворид гардид, ки ин воқеоту дигаргуниҳо бо зуҳури ногаҳониву ғайримунтазира ва шигифтиҳои худ иддае аз кишвару мамоликро бо муқовиматҳои сахти сиёсӣ ва буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ намуд, ки аз ин лаҳзаҳои фалокатомезу хатарнок раҳоӣ ёфтани онҳоро мушкил гардонд.

Дар таърихи кишвардории ҷаҳон фано ва завол ёфтани давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки 70 сол арзи ҳастӣ намуда буд, фоҷиаи сахту сиёсӣ ва бесобиқаи башарият аст. Ин рӯйдоди ҳангомасози аср чоҳи амиқеро пешорӯйи халқияту миллатҳои ин мамлакати замоне абарқудрату тавоно ва нерумандтарини ҷаҳон ба зуҳур овард, ки гузаштан аз он заҳмати зиёди ақливу зеҳнӣ, донишу матонат, хираду дурандешӣ ва иродаву аз худ гузаштанҳоро аз сарварони собиқ ҷумҳуриҳои давлати абарқудрати Шӯравӣ талаб мекард. Ноумедиву рӯҳафтодагӣ, тарсу изтироб, аз ояндаи кишварҳояшон миллатҳои як вақт ба ҳам дӯсту бародар ва дар оилаи ягона сабзидаву ба камол расидаро фаро гирифт.

Мутаассифона аз ин тундбоди шубҳаву гумонҳо, ҳаросу ноумедиҳо, сарафкандагӣ ва дар масири сахти таърих монданҳо миллати тоҷик низ дар канор намонд.

Бо таъкиди таърихшиносон агар дар ҳамон замонҳои даргириҳои дохилӣ яке аз ҳодисаҳои муҳими таърихие, ки онро имрӯз унвони тақдирсоз медиҳанду бо ба забон оварданаш мефахранд, баргузор намегардид, шояд ҳаёти осудае, ки ҳоло дорему озодона умр ба сар мебарем, аз даст мерафт. Ин ҳодисаи муҳими таърихӣ дар он айёми хеле ҳассос барои давлату миллат, баргузории Иҷлосияи  16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин Иҷлосия дар шароите баргузор гардид, ки кишвар дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ қарор дошта, масъалаи будан ва набудани давлати миллии тоҷикон ҳал мешуд.

Яке аз  дастовардҳои беназири таърихи замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба амал омадани ҷангҳои хунину даҳшатбори шаҳрвандӣ, ки ҷони садҳо нафар инсонҳоро аз байн бурд, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад.  Яъне санаи 27 июни соли 1997 рӯзи ба имзо расидани ин Созишномаи таърихӣ барои мо мардуми тоҷик воқеан, оғози  ҳамдигарфаҳмиву, сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад, ки заминаи асосиаш баргузории Иҷлосияи 16- уми Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар чунин вазъи ниҳоят хатарбор, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун яке аз ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, ки чанде қабл соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардида, рӯзгори сахту сангини сиёсиро аз сар мегузаронид, фарзанди фарзонаи миллат, меъмори сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимоми роҳбариро ба уҳда гирифт.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, яъне ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки бешак аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихист, ки сиёсати хирадмандона, дурбинона, андешаи олии таърихӣ, ҷавонмардӣ, ватанпарастиву мардумсолорӣ ва талошу фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он нақши калидӣ дорад.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони ноҳия ва Шумо ҳозирини гиромиро ба муносибати ин санаи муҳими  воқеан таърихӣ  самимона табрик намуда,     хушиву хуррамӣ, тинҷиву амонӣ, суботу оромӣ ва саодати ҳамешагии  рӯзгоратонро  таманно  дорам.

Ҳамдиёрони азиз!

Мусаллам аст, ки масъалаи асосӣ ва аввалиндараҷа дар он замон, ки барои рушду пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузург мебозид, сулҳу орромӣ, тинҷиву амонӣ мавҷуд будани шароити созгор барои ҳаёт, барои мардуми азияткашидаи кишвар ба ҳисоб мерафт.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои ба ҳайси роҳбари давлат таъйин гардиданашон вазифаю рисолати инсонии хеш медонист, ки сулҳу амониро дар ҷумҳурӣ таъмин намуда, мардуми аз гирдоби ҷанг азобкашидаро, ки бо сабаби муташанниҷ гардидани авзои сиёсии кишвар ба берун аз Ватан фирор намуда буданд, ба сарзамини аҷдодиашон баргардонад.

Инак, таърих гувоҳ ва мову шумо шоҳид ҳастем, ки бо гузашти 33 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирад-мандонаву оқилона ва созандаву сулҳофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба яке аз кишварҳои пешрафтаву тараққикарда ва дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳо ноил гардида, на фақат дар минтақа, балки дар тамоми сайёра муаррифӣ гардидааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар робита бо вазъияти ниҳоят мураккаб ва печидаи ҷаҳони имрӯза мехоҳам ин ҷо  хотирнишон созам, ки дар ҳеҷ давру замон ҷангу нооромӣ ва хунрезиву муташанниҷии вазъи сиёсӣ тавассути яроқу аслиҳа ҳалли худро наёфтаанд. Балки танҳо тавассути хирадмандиву ҷавонмардӣ, дӯстиву баҳамоӣ ва заковату дурандешӣ гиреҳи дилхоҳ мушкилии сиёсӣ ҳали худро меёбад.

Бинобар ин имрӯз дар қалбу шуури фарзандон  парвариш кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки устодону омӯзгорон, падару модарон ва тамоми аҳли ҷомеа бояд ба он бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоянд. Наврасону ҷавонони мо бояд дар чунин рӯҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузурги инсонӣ донанд.

                        

Ҳозирини гиромӣ!

         Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ки санаи 9 марти соли равон зимни мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён дошта буданд, гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилотҳои дигари марбута бобати пешгирӣ аз истифодаи либосҳои ба фарҳанги миллӣ  бегона, иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар байни қишрҳои гуногуни ноҳия ҷамъомад ва суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодаанд.

Дар робита бо ин мехоҳам хотирнишон созам, ки ҳар як сокини ноҳия, бахусус фаълонро зарур аст, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва амалисозии қонуни мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт саҳмгузор бошанд.

Ҳамдиёрони азизу арҷманд!

Итминони комил дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд.

Дар баробари ин ҳар яки мову Шумо насли калонсол, яъне он нафароне, ки тамоми даҳшату  маҳрумиятҳои он айёми пурфоҷиаро аз сар гузаронидаем бояд тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои таҳкими сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдории миллиамон сафарбар намоем.

Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи ноҳия минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, таҳкими ваҳдату дӯстӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон саъю талош намуда, намунаи ватандӯстиву ободгарӣ нишон хоҳанд дод.

Бигзор, Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то абад маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад.

Ҳамеша саломату саодатманд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *