Эълонҳо

Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

                                                                              Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон

                                                           Раиси ноҳияи Панҷ

                                                                 Қ А Р О Р

  Аз «15 » январи   соли  2024                    №19            н. Панҷ                                                       

Дар бораи гузаронидани озмун барои

ишғоли мансабҳои   холии маъмурии хизмати давлатӣ

Мутобиқи  моддаи 18-и  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»  Қ А Р О Р        М Е К У Н А М:

Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:

– сармутахассиси шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;

– мутахассиси пешбари бахши фарҳангӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;

– мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;

– мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;

– мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;

– мутахассиси пешбари бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;

– мутахассиси пешбари бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;

– мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи  раиси ноҳияи Панҷ;

– сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и  Ҷамоати шаҳраки Панҷ;

– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Панҷ;

– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;

– мутахассиси пешбар  (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;

– сармутахасис (омор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов  Кабут;

– мутахассиси пешбар  (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;

– мутахассиси пешбари (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов  Кабут;

– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов  Кабут;

– мутахассиси пешбари (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;

– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Меҳвар;

– мутахассиси пешбари (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;

– мутахассис  (хазинадор)-и  Ҷамоати деҳоти Меҳвар;

– мутахассиси пешбари (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;

– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Намуна;

– мутахассис  (хазинадор)-и  Ҷамоати деҳоти Намуна озмун гузаронида  шавад.

          2. Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шавад, ки қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабонро мувофиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун ба роҳ монад.

3. Қарори раиси ноҳияи Панҷ аз  10 ноябри  соли 2023, №1164 аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси ноҳяи Панҷ:                                                      З. Шоҳиён

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *