Таҷлил

Ид муборак, варзишгарон!

Ҳамасола рӯзи 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарон дар кишварамон бо тантана қайд карда мешавад.Варзишгарони мамлакати мо табиатан ҳам муаррифгарони воқеии ватани азизи мо мебошад.Онҳо дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона ширкат варзида истеъдоду маҳорати варзишии худро нишон медиҳанд ва ба ин восита Парчами Тоҷикистонро парафшон менамоянд.

Маҳз туфайли варзишгарони номӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷумҳуриявӣ ҳунару истеъдоди волои худро хеле хуб нишон дода, шарафи варзишии ноҳияро дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ баланд бардошта истодаанд. Мо имрӯз ҳам варзишгарони наврас ва ҳам варзишгарони ҷавону собиқадорони хуб, устодони беҳтарини варзиши ҷумҳуриро дорем, ки бо меҳнати ҳалоли худ дар миқиёси мамлакат шинохта шудаанд. Махсусан дастаи футболи «Саройкамар» шуҳрати умҳуриявӣ дорад.
Рӯзи 10 август дар ноҳия бо ибтикори Бахши ҷавонон ва варзиш ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Рӯзи варзишгарон бо тантана таҷлил гардид. Ба ин муносибат ҷамъомади калон гузаронида шуд, ки дар он варзишгарони ноҳия, собиқадорони соҳа, роҳбарони муассисаю ташкилотҳо ва бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроия иштирок доштанд.

Дар ҷамъомад муовини якуми раиси ноҳия муҳтарам Ҳ. Нидозода ба сухан баромада, дар бораи муваффақияту комёбиҳои варзишгарони ноҳия муфассал суханронӣ намуд ва аз номи раиси ноҳия кулли варзишгаронро ба муносибати иди касбиашон табрику таҳният гуфта, барояшон саломатию тандурустӣ ва комёбиҳои боз ҳам беҳтар таманно намуд.
Дар фарҷоми ҷамъомад собиқадорони соҳа, варзишгарони шинохта бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Рӯзи варзишгарон дар ноҳия хотирмону назаррас таҷлил гардид.

Н.Фозилон, Ф.Ҷӯраева

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *