Хабарҳо

П а ё м и табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З.Ф. ба муносибати 26-солагии ҷашни “Рўзи ваҳдати миллӣ” (24.06.23)

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то кунун марҳилаи кўтоҳ, вале пурмасъулияти сарнавиштсози эҳёи суннатҳои давлатдории милливу таърихиро пушти сар намудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, яъне ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки санаи 27 июни соли 1997 баъди ба анҷом расидани ҷанги хунину даҳшатбори шаҳрвандӣ дар кишвар ба имзо расид, бешак, аз ҷумлаи ҳамин рўйдодҳои таърихист, ки сиёсати хирадмандона, дурбинона, андешаи олии таърихӣ, ҷавонмардӣ, ватанпарастиву мардумсолорӣ ва талошу фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он нақши калидӣ дорад.

Маҳз ҳамин роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматию ҳизбҳои сиёсӣ ва бештар аз ҳама, эътиқоди мардуми кишвар, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз асоситарин омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардидани нақшаҳои неку созанда ва барқарор гардидани сулҳу субот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд.

Қўшишҳои пайвастаи Пешвои миллат, ҳамзамон зуҳури хираду заковати мардуми бонангу номус ва бофарҳанги тоҷик натиҷаҳои хуб ба бор оварданд ва ниҳоят санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. 

Баъди ба анҷом расидани ҷанги даҳшатбору хунини шаірвандӣ, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома ёфта, ҷони сад-ҳо нафар сокинони ҷумҳуриро  аз байн бурдаву миллионҳо нафари дигарро дур аз Ватан, бехонаву дар кард, ба имзо расидани ин Созишнома дар таърихи давлатдории навини тоҷик бо хатҳои заррин навишта шудааст, бузургтарин неъмат ва  дастоварди беназир маҳсуб мешавад.

   Яъне ин сана барои мо, мардуми тоҷик, воқеан оғози  ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад.

Ба  ин  хотир  бо     шукргузорӣ аз сулҳу субот, соҳибистиқлолии кишварамон -Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаву инсонпарварона,  оқилонаву сулҳҳофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ки маҳз тавассути хизматҳои шоистаи ин абармарди ҷаҳони сиёсат ва меъмори  ваҳдат, сулҳу оромӣ насиби мардуми тоҷику тоҷикистонӣ гардид, ҳар сол санаи 27 июн дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҳамчун  “Рўзи ваҳдати миллӣ” таҷлил мегардад.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони ноҳия ва Шумо, ҳозирини гиромиро ба муносибати ин санаи муҳими  воқеан таърихӣ  самимона табрик намуда,     хушиву хуррамӣ, тинҷиву амонӣ, суботу оромӣ ва содати ҳамешагии рўзгоратонро таманно дорам.

Ҳамдиёрони арҷманд !

 Имрўз хушбахтона таҷриба ва амалияти сулҳу тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ низ пайдо намудааст. Чунки ин роҳ намунаи хуби ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар давлат-ҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон шуда метавонад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи сул-ҳи тоҷикон дар ҷодаи таъмини сулҳу ваҳдат, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб 1 миллион муҳоҷирони иҷбории дур аз Ватан афтода, ташкил намудани шароиту зиндагии хуб барои онҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалии дунё арзёбӣ шуда, ҳамчун намуна эътироф гардидааст.

 Ҳамдиёрони азиз!

Дар робита бо вазъияти ниҳоят мураккаб ва печидаи ҷаҳони имрўза мехоҳам хотирнишон созам, ки дар ҳеҷ давру замон ҷангу нооромӣ ва хунрезиву муташанниҷии вазъи сиёсӣ тавассути яроқу аслиҳа ҳалли худро наёфтаанд. Балки танҳо тавассути хирадмандиву ҷавонмардӣ,  дўстиву баҳамоӣ ва заковату дурандешӣ гиреҳи дилхоҳи мушкилии сиёсӣ ҳалли худро ёбад.

Ҳамаи мову Шумо хуб огоҳ ҳастем, ки имрўз вазъи мураккаби сиёсӣ, бархӯрди абарқудратҳо, босуръат баланд рафтани нарху навои маҳсулотҳои ғизоӣ, тағйирёбии босуръати иқлим, қаҳтиву хушксолӣ дар баъзе кишварҳои олам ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Чӣ тавре дар муроҷиати худ ба сокинони ноҳия иброз намудам   тибқи таҳлилҳои Созмонҳои ҷаҳонӣ, солҳои 2023 ва 2024  нисбат ба солҳои гузашта аз ҷиҳати таъминот бо маводи ғизоӣ қариб дар тамоми дунё яке аз солҳои вазнинтарин ва тавре ки  Созмони Миллали Муттаҳид огоҳӣ сохтанд, ҳатто ҳалокатбор хоҳад буд.  Ҳамзамон болоравии нархҳо, пастшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои ногувори он хушксолӣ, камобӣ, инчунин, бемориҳои сироятӣ,  ба сатҳи зиндагии тамоми мардуми сайёра таъсири манфии худро расонида истодааст.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо   ба ҳар як сокини ноҳия муроҷиат намуда, бори дигар таъкид месозам, ки бояд аз ҳар ваҷаб замин, пеш аз ҳама, заминҳои наз-диҳавлигиву президентӣ ва заминҳои байни боғу токзорҳо самараноку оқилона  истифода намуда, тамоми кўшишу ғайрати худро барои рўёнидани 3-4 ҳосил ва дар кишти такрорӣ ҳарчӣ бештар истеҳсол намудани картошка, ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо аз ҷумла шолӣ, ҷуворимакка, мош ва лубиё равона сохта, дар таъмини зиндагии шоистаи худ ва фарзандон саҳмгузор бошанд.

 

Гузашта аз ин, мо, падару модарон бояд наврасону ҷавононро дар рўҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, қонунияту тартибот ва риояи ҳатмии талаботи қонун тарбия намуда, онҳоро аз таъсири харобиовари падидаҳои  номатлуби замони муосир, аз қабили ифротгароӣ, нашъмандӣ, шомил  шудан  ба гурӯҳҳои экстремистӣ –  террористӣ умуман ҳамагуна ҷинояткорӣ  эмин нигоҳ дорем ва пешбурди  тарзи ҳаёти солимро ба онҳо тарғибу ташвиқ намоем.

      Дар қалбу шуури онҳо  парвариш кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандўс-тиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки устодону омўзгорон, падару модарон ва тамоми аҳли ҷомеа бояд ба он бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоянд. Наврасону ҷавонони мо бояд дар чунин рўҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузурги инсонӣ донанд.

 Ҳамдиёрони азизу арҷманд!

Итминони комил дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷљикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд.

 Дар баробари ин ҳар яки мову Шумо насли калонсол, яъне он нафароне, ки тамоми даҳшату  маҳрумиятҳои он айёми пурфоҷиаро аз сар гузаронидаем, бояд тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои таҳкими сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдории миллиамон сафарбар намоем.

Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи ноҳия минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, таҳкими ваҳдату дўстӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон саъю талош намуда, намунаи ватандўстиву ободгарӣ нишон хоҳанд дод.

Бигузор Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то абад маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад.

 

Ҳамеша саломату саодатманд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *