Рӯзи 1 июн ҳамасола дар арсаи ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Тоҷикистони мо низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рӯзро бо тантана қайд мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли навраси умедбахшу ояндасоз тавваҷуҳи зиёд зоҳир намуда, чунин иброз доштааст: «Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои ватану миллат ба дӯши онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад».Маҳз ба ҳамин хотир бо ташаббуси Пешвои миллат ҳамасола садҳо адад муассисаҳои таълимӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, даҳҳо мактаб-ҳои замонавии муҷаҳҳаз бо воситаҳои муосири таълимӣ бунёд ёфта, пояи моддию таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯз то рӯз мустаҳкамтар гардида, таъминоти онҳо бо мизу курсӣ, асбобу ашёи хониш ва таҷҳизоти ҳозиразамони техникӣ ҳалли худро ёфта истода, баҳри беҳдошти вазъи таълиму тарбия заминаҳои хуб фароҳам оварда шудаант.
Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқиро эътироф ва амалӣ менамояд.
Дар ноҳия тибқи Қарори раиси вилояти Хатлон аз 28 апрели соли 2023, №90 «Дар бораи гузаронидани «Як моҳи ҳаёти кӯдакон» ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» Қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 26 майи соли 2023, №563 дар ҳамин бора ба тасвиб расонида шуд.Ҷиҳати иҷрои Қарори раиси ноҳия оиди дар сатҳи баланд гузаронидани ҳамин чорабинӣ Кумитаи тадорукот, Низомнома, Нақшаи чорабиниҳо ва харҷномаи хароҷоти он таҳия ва таъсис дода шуд. Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, шуъбаи маориф, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Бахши чавонон ва варзиш ва дигар бахшҳою шуъбаҳо муваззаф гардиданд, ки «Як моҳи ҳаёти кӯдакон» ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ баргузор намоянд.
Мувофиқи Нақшаи чорабиниҳо «Як моҳи ҳаёти кӯдакон» дар муассисаҳои соҳаи маориф бо дарназардошти чорабиниҳои таҳиягардида дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Тибқи Низомномаи озмуни ноҳиявии «Навраси соҳибистеъдоди беҳтарин» аз 1 то 31 май аз рӯи номинатсияҳои «Рассоми беҳтарин», «Ровии беҳтарин», «Қироати шеъри беҳтарин», «Сарояндаи беҳтарин», «Раққос(а)и беҳтарин», «Чароғақи раҳнамо», «Иншои беҳтарин», «Забондон», «Оташнишони наврас», «Гулпарвари беҳтарин», «Хонандаи беҳтарини соли 2023», «Донояк», «Маърифати экологӣ», «Хати зебо», «Математикони наврас», «Луғатдони беҳтарин» озмунҳо гузаронида, ғолибон ба Кумитаи тадорукот пешниҳод карда шуданд.
Рӯзи якуми июн дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия ҷашни Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон баргузор гардид. Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер иштирокчиёни чорабиниро табрик намуда, дар бораи нақшу мақоми кӯдакону наврасон дар ҷомеа, таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон ба ин қишри ояндасози ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо ва рушди ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо суханронӣ намуд.
Сипас ғолибони озмунҳо бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва ҳунарпешагонӣ Қасри фарҳанги ноҳия барои иштирокчиён консерти калони идона намоиш дода шуд.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ баргузор гардид.
Н. Фозилҷон, П.Нуров