Нақшаҳо

Ҳолатҳои фавқулодда пешгирӣ хоҳанд шуд

Ба надикӣ дар ҷаласаи назди раиси ноҳия фаъолияти Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо дар соли 2023 баррасӣ карда шуд. Аз рӯи ҳамин масъала гузориши афсари калони шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия, капитан А. Мирзо-хоҷаев шунида шуд. Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки фаъолияти асосии шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолат-ҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Панҷ дар соли равон асосан ба ду самт – пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва ташкили омадагии мудофиаи гражданӣ дар ноҳия равона гардид.. Дар ҳудуди ноҳия давоми моҳҳои март-майи соли 2022 дар минтақаҳои кӯҳии ҷамоатҳои деҳоти ба номи Сайфуддинов Кабут, Озодагон, Намуна ва Меҳвар пайдоиши малах дар майдони 8600 гектар ба қайд гирифта шуд, ки аз ҷониби Ситоди мубориза бар зидди ин ҳашароти зараррасон дар якҷоягӣ бо сокинони ҷамоатҳои болозикр корҳои безараргардонию профилактикӣ ба анҷом расонида шуданд.

4 майи соли 2022, тахминан соати 9-00 дар натиҷаи боришоти зиёди пай дар пай ва омадани сели ҳаҷмаш калон дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, деҳаи Озодӣ-1, км 119-и роҳи автомобилгарди хусусияти байналмилалидоштаи роҳи ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ тахминан як километр роҳ шуста ва хароб гардонида шуд, ки боиси қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт гардид. Дар муддати як шабонарӯз тавассути қувваҳои якҷояи техникӣ ва шаҳрвандони ноҳияҳои Панҷ Ҷайҳун роҳ кушода шуд ва мардум бемамоният рафтуомад карданд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳолатҳои фавқуоддаи дорои хусусияти техногенӣ дар давоми соли 2022 18 ададро ташкил додааст, ки аз ҷумлаи онҳо 13 адад сӯхтор (маблағи зарар 46500 сомонӣ), 5 адад садамаҳои нақлиётӣ, ки боиси 4 нафар талафоти ҷонӣ ва 11 нафар ҷароҳат гардиданд.
Як ҳодисаи ғарқшавӣ дар давоми сол дар деҳаи Шахмати ҷамоати деҳоти Озодагон ба қайд гирифта шуд.
Дар самти мудофиаи гражданӣ дар ноҳия давоми соли равон 12 маротиба машқҳои гуногуни МГ, 3 маротиба санҷишҳои мукаммали МГ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва хадамоти МГ аз тарафи шуъба гузаронида шуд, ки дар онҳо 15 нафар ҳайати роҳарикунанда, 115 нафар неруҳои ғайриҳарбӣ бо 20 адад техника иштирок намуданд. ҳамчунин дар давоми сол 3 маротиба машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби қувваю воситаҳои Низоми ягонаи давлатии ноҳияи Панҷ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақаҳои хавфноки ноҳия ва соҳили рости дарёи Панҷ доир гардид, ки дар онҳо 125 нафар неруҳои ғайриҳарбӣ бо 17 адад техника иштирок доштанд.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон низ дар ҳудуди ноҳия бо 108 нафар коргарону хизматчиён машғулиятҳо гузаронид.
Бо мақсади соҳилмустаҳӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ бо Амри раиси ноҳия 10 тонна семент масраф гардид. Дар мавзеи сарбанди Халқаёр 728 адад тахтасангҳои оҳану бетонӣ сохта захира карда шудааст. Дар асоси супориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва Раёсати Қӯшунҳои сар-ҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 0306,0332, ки дар ноҳияи Панҷ мавқеъ доранд, бо шумораи 568 нафар корҳои фаҳмондаҳию амалӣ ва назариявӣ гузаронида шуд.
Дар баробари ин, дар фаъолияти шуъба ҳоло норасоиҳои зиёде ҷой дорад. Масалан, дар деҳаҳои Шакардашт ва Вахё аз селпартои 4500-метра тақрибан 1300 метраш бинобар сабаби солҳои тӯлонӣ тоза ва барқарор накарданашон пур аз лойю гил мебошад ва барои ин маблағи зиёде лозим мешавад. Дар деҳаҳои Пешқадам-1,2-и ҷамоати деҳоти Намуна аз селпартои 2150-метраи Қумсой 850 метраш ба тозаю барқарор кардан эҳтиёҷ дорад. ҳамин гуна вазъият дар деҳаи 10-солагии Ваҳдат, селпартои Овзикенг-2 мавҷуд аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар суратҳисоби мо ҳамагӣ 4505 сомонӣ захира вуҷуд дорад, ки ин барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта тамоман нокифоя аст.
Бо вуҷуди ин, мо, кормандони шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Панҷ боварӣ дорем, ки вобаста ба имкониятҳои мавҷуда кӯшиш ба харҷ дода, ҳолатҳои фавқулодда, офат-ҳои табииро пешгирӣ намоем ва дар сурати рӯй доданашон оқибатҳои онҳоро сарҷамъона бартараф кунем.
Н. Фозилҷон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *