Сиёсат

Терроризму экстремизм- хатарҳои даҳшатзои муосир

Ҷаҳони муосир пур аз хатару даҳшатҳои харобиовар буда, заруратеро пеш овардааст, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд бошуурона ва оқилона зиндагӣ кунад. Дар миёни ин хатарҳо терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср боиси нигаронии кулли сарварони мамолики дунё гардидааст Албатта, .дар чунин шароит ватани азизи мо- Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад. Маҳз ба ҳамин хотир, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба тасвиб расида буд, ки дар ин асос ва ҷиҳати тадбиқи ҳамин Фармон Қарори раиси вилояти Хатлон аз 13 июли соли 2021 №207 ва Қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 12 ноябри соли 2021 №1391 бароварда шуда буд.

Ба ин хотир рӯзи 5 декабри соли равон дар ҷаласаи назди раиси ноҳия Қарори болозикри раис мавриди баррасӣ қарор гирифт. Оид ба ҳамин масъала мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М. Сироҷов гузориш дод. Дар гузориши ӯ аз ҷумла қайд гардидааст, ки тибқи маълумоти коршиносон алҳол дар ҷаҳон 500 ҳизбу ҳаракат-ҳои диниву ифротӣ, созмонҳои террористӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд, ки Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ ва тамоми ҷаҳон мешуморанд.

18 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар Конфронси байналми-лалӣ зери унвони «ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат бо терроризму экстремизм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд ва бори дигар аз таҳдиду хатар-ҳои ифротгароӣ ва террористӣ иштирокчиёнро ҳушдор карданд. Қайд карда шуд, ки дар замони имрӯза баробари инкишоф ёфтани техникаву технологияи нав, намудҳои нави терроризм, аз ҷумла кибертерроризм ба вуҷуд омадааст, ки он ҷомеаи ҷаҳониро ором гузошта наметавонад. Аз ин рӯ, дар ноҳияи мо бобати иҷрои Қарор ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои муайяне ба сомон расонида шудаанд. Дар ин замина туфайли васоити аҳбори омма ва ташкили ҷамъомаду мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа чорабиниҳои мухталифи сиёсӣ, идеологӣ, тарбиявӣ ва фарҳангию маънавӣ ҷиҳати ташаккули ҷаҳонбинии мардум, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии онҳо ва пешбурди ташвиқоти зидди экс-тремистию террористӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд.
Зарур мешуморем, ки ба мардуми ноҳия феҳристи ҳизбу харакат-ҳое, ки Суди Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ (иттиҳоди экстремистӣ) тибқи ҳалномаҳои худ эътироф карда, фаъолияти онҳо дар қалаврави Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ мебошад, пешниҳод намоем, то мардум дар ин бобат зиракии сиёсӣ ва ҳушёриро аз даст надиҳанд:
1. «Ал Қоида» (аз 30.03. с. 2006)
2. «ҳаракати Исломии Туркистони шарқӣ» (аз 30.03. с. 2006)
3. «ҳизби Исломии Туркистон (собиқ ҳаракати Исломии Ӯзбекистон( ( аз 30.03. с. 2006)
4. «ҳаракати Толибон» ( аз 30. 03. с. 2006)
5. «Ташкилоти Бародарони Мусулмон» (аз 30.03. с.2006)
6. «Ташкилоти Лашкари Тайиб» (аз 30.03. с.2006)
7. «Гурӯҳи Исломӣ» (Ҷамъияти Исломии Покистон) (аз 30.03. с.2006)
8. «Ҷамъияти Таблиғ» (аз 30.03. с.2006)
9. «Ташкилоти динии миссионерии Созмони Таблиғот» (Даъват ба Ислом) (аз 30.03. с.2006)
10. «Тоҷикистони озод» (аз 30.03. с.2006)
11. «ҳазб-ут-таҳрир» (аз 20.04. с.2001)
12. «Ҷамоати (Ҷамъияти) Ансоруллоҳ« (аз 03.05. с.2012)
13. ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24» (аз 09.10. с.2014)
14. Равияи динии «Салафия» (аз 08. 12. с. 2014)
15. Ташкилоти «Давлати Исломӣ» (аз 14.04. с. 2015)
16. Ташкилоти «Ҷабҳат-ун-Нус-та» (аз 14.04. с. 2015)
17. «ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» (аз 29.09. с. 2015)
18. Созмони «Паймони миллии Тоҷикистон» (аз 15.08.2019)
19. «Ҷанги муқаддас» (Ал-Ҷиҳод Иттиҳодияи Исломии Мисрӣ. Священная война) (аз 14.05.2020)
20. «Ҷамъияти ислоҳии иҷтимоӣ» (Ҷамъият-ал-Ислоҳ, аҷ-Ичтимоӣ. Общество социальных реформ) (аз 14.05.2020)
21. «Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ» (Ҷамъияти Эхё ат- Тураз ал-Исломӣ. Общество возрождении исламского насления) (аз 14. 05.2020)
22. «Хонаи ду зиёратгоҳ» (Ал-ҳарамайн. Дом двух святых) (аз 14.05.2020)
23. «Ҷунуд-аш-Шом» (Артиши Шоми Бузург. Войско великой Сирии) (аз 14.05. с.2020)
24. «Ҷиҳоди Исломӣ- Ҷамоати муҷоҳидон» (Исламский джихад-Джамоат моджахедов) (аз 14.05.2020)
25. Иттиҳодияи эстремистии «Шоҳидони яхво» (Свидетели иеговы( (аз 29.03. с.2021).
Баъди гузориши М. Сироҷов раиси ноҳия ба роҳбарони ҳамаи соҳаҳо, шуъбаю бахшҳо, ҷамоатҳо ва масъулини дигар супориш дод, ки ҷиҳати иҷрои Қарори раиси ноҳия «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо терроризму экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва иҷрои нақша-чорабиниҳо дар ин бора вазифаҳои худро сари вақт иҷро кунанд.
Н. Фозилҷон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *