Таҷлил

Милитсия – сипару ҳомии тартибот дар ҷомеа

Ҳар сол 10 ноябр санаи таъсис-ёбии милитсияи Ҷумҳурии То-ҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи ҳомиёни ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятии кишвар бо самимият ҷашн гирифта мешавад. Кормандони шуъбаи Вазорати кор-ҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон дар ноҳия ин санаи таърихиро бо як шукӯҳу шаҳомат таҷлил намуданд. Ба хотири ояндаи нек ва ҳифзи ҳаёти осудаи мардум , сулҳу субот ва амнияти ҷомеа дар безараргардонии гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпеша, террористону ифротгароён ва зархаридони хориҷӣ дар тӯли солҳои сипаригашта даҳҳо нафар афсарону сарбозони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расида, бо арзиши ҷони худ манфиатҳои миллату давлат ва соҳибистиқлолию соҳибватаниро бо далериву ҷоннисорӣ ҳимоя ва таъмин намуданд. Он нафароне, ки дар соҳаи милисияи тоҷик солҳо хизмат намудаанд ва ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия хотираи онҳоро ҳамеша ёд мекунанд.

Баъдан дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи таъ- сисёбии милитсияи тоҷик бо иштироки роҳбарони ноҳия, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони милитсия, кормандони ШВКД дар ноҳия ва дигар фаъолон ҷамъомад баргузор гардид. Нахуст раиси нохия муҳтарам Шоҳиён З. Ф. суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки имсол аз таъсисёбии милитсияи кишварамон 30 сол сипарӣ мешавад. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар тамоми даврони соҳибистиқлолии мамлакати азизамон, аз ҷумла ноҳияамон якҷо бо дигар сохторҳои низомии кишвар ба хотири таъмини сулҳу

субот, амнияти давлатӣ ва ҷомеа, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризму экстримизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳми шоиставу арзишманд гузошта, рисолати худро фидокорона ва бо садоқат ба ватан ва халқи Тоҷикистон, инчунин мардуми ноҳия иҷро намуда истодаанд. Мо, сокинони ноҳия, боварии комил дорем, ки кормандони ШВКД дар ноҳия минбаъд низ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таҳкими сулҳу субот, дар беҳдошти тартиботи ҷамъиятӣ қарор гирифта, ҳамеша вазифаҳои хизматиашонро содиқона иҷро хоҳанд кард.
Баъдан сардори ШВКД дар но-ҳия Шокирзода Б. Х. баромад карда, дар бораи фаъолияти милитсияи тоҷик суханронӣ намуд.
ҳамчунин дар ҷамъомад собиқадори милитсия ҳошим ҳакимов ба сухан баромада, ҷиҳати нисбати собиқадорони милитсияи тоҷик ғамхориҳо кардани роҳбарияти давлату ҳукумат ва Вазорати корҳои дохилӣ сидқан миннатдорӣ изҳор кард.
Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳия ва ШВКД ба кормандони фаъол ва собиқадорони милитсия туҳфаҳои пулӣ, ифтихорномаҳою сипосномаҳо тақдим карда шуд. ҳамчунин аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд нафар бо рутбаҳои навбатӣ ва нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардонда шуданд.
Аз тарафи кормандони Бахши фарҳанги ноҳия барои болида гардонидани хотири иштирокчиёни ҷамъомад сурудҳо дар васфи Тоҷи-кистон, Ватан, Модар пешкаш гардид.
Н. Фозилҷон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *