Нақшаҳо

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ

Тамрини пешгирии офатҳои табиӣ

Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолат-ҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Панҷ дар асоси фармоиши сардори Раёсат аз 15 сентябри соли 2022 ва тибқи нақша-чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи Рӯзи байналмилалии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ (13 октябр) дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чорабиниҳои гуногун баргузор намуд. Аз ҷумла дар МТМУ №2 озмуни «Расми беҳтарин» доир ба ҳамин масъала бо 85 нафар хонандагон гузаронида шуд. ҳамзамон доир ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла заминҷунбӣ, бо 12 нафар омӯзгорон ва хонандагони якчанд муассисаҳо тамрин доир гардид, ки дар он фаъолияти хонандагону омӯзгорон ҳангоми рух додани ҳолати фавқулодда (заминҷунбӣ) бо маҳорати баланд нишон дода шуд. ҳамчунин ба иштирокчиён баробари донишҳои амалӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши назариявии онҳо низ суҳбатҳо ташкил карда шуд. Дар фарҷоми чорабиниҳо иштирокчиёни беҳтарини озмуну тамринҳо аз ҷониби Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Панҷ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

У. Исмонзода, сардори шуъба

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *