Маориф

Маориф – рукни асосии давлат

 

Соли нави таҳсили 2022-2023  торафт наздик расида истодааст. Ба ин муносибат аҳли маорифи ноҳия ҳаматарафа тайёрӣ дида истодаанд. Семинарҳои омӯзишӣ ва омодагӣ ба оғози бомуваффақияти соли нави таҳсил гузаронида шуданд.

Тавре мудири кабинети дастурдиҳӣ (методӣ) Э. Носиров иттилоъ дод, якчанд номгӯи семинарҳои фаннӣ, ҳамчунин семинар бо сарварони таълимгоҳҳо, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, роҳбарони  синфҳо, мудирони китобхонаҳо, сарварони созмонҳои талабагӣ ва ғайраҳо  баргузор гардид. Соли хониши нав, мувофиқи гуфтаи Э. Носиров, 36 ҳафта идома хоҳад ёфт. Нақшаи таълимӣ барои соли нави таҳсил  аллакай муқаррар ва дастрас гардидааст.

Дар семинарҳо  асосан масъалаҳои банақшагирии мавзӯъҳои таълимӣ, баррасии барномаҳои таълимӣ, ҷамъбасти кори семинарҳои доимоамалкунанда, пешниҳоди нақшаҳои нави кории семинарҳои доимоамалкунанда барои соли нави таҳсил, баланд бардоштани сифат ва роҳу усулҳои самарабахши кори таълиму тарбия  мавриди гуфтугузори омӯзгорон гардиданд. Семинарҳо дар сатҳи баланди ташкилию методӣ доир шуданд.

 

12 августи соли равон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия  машварати августии омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он  раиси ноҳия узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён З.Ф., намояндаи Раёсати маориф ва илми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон А. Сафаров, намояндаи Агентии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, муовини раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони аз муассисаҳои таълимӣ интихобшуда, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар фаъолони соҳаи маориф иштирок доштанд.

 

Пеш аз оғози машварат дастовардҳои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба намоиш гузошта шуда буданд. Меҳмонон ин дастовардҳоро, ки асосан ба  фанҳои алоҳидаи таълимӣ, 20-солаи рушди омӯзишу таълими фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, варзиш, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ихтироъкорӣ ва рушди технология дар таълимгоҳҳо  ва амсоли инҳо барин масъалаҳои мубрами таълимӣ мутааллиқ буданд, аз назар гузарониданд.

Сипас,  ҳама вориди толор шуданд ва машварати августӣ оғоз ёфт. Сараввал раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З.Ф. баромад карда, ҷиҳати рушду такомули маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ, ғамхориҳои давлату Ҳукумат бобати рушди ин соҳаи афзалиятноку калидӣ, маблағгузорӣ ба ин соҳа, сохтмону сифати таълиму тарбия, нақши Пешвои миллат дар рушди маориф сухан ронда, иштирокчиёни машраватро самимона табрик намуд  ва изҳор кард, ки минбаъд низ кормандони маориф, омӯзгорону хонандагон бо пайгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат нақши муассири худро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия  хоҳанд гузошт.

Вобаста ба масъалаи рӯзнома мудири шуъбаи маориф  Ш. Асомиддинзода  гузориши муфассал дод. Қайд карда шуд, ки имрӯз дар ноҳия  ҷамъулҷамъ 62 муассиса, аз ҷумла 52 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 28831 нафар хонандагон, аз ҷумла 14063 нафар духтарон ба кори таълиму тадрис машғуланд.. Имрӯз ба хонандагон 1868  нафар омӯзгорон таълиму тарбия  медиҳанд. Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бошад, 7 адад буда, 11,2%-и кӯдаконро дар худ фаро гирифтанд. Инчунин марказҳои рушди кӯдакон низ ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ нақши сазовор доранд. Соли хониши ҷорӣ аз ҷумлаи 34 нафар мутахассисони ҷавон 26 нафар ба ноҳия омада, бо ҷои кор таъмин шуданд.  Озмунҳои мактаббачагон сари вақт гузаронида шуда, дар сатҳи вилоят 712 нафар муҳассилин иштирок карданд. 7 нафар дар даври ҷумҳуриявӣ сазвори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.  . То ҷашни Истиқлолияти давлатӣ боз чандин  синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Дар фарҷоми гузориш мавсуф қайд кард, ки аҳли маорифи ноҳия дар истиқболи сазовори ҷашни миллии Ватан-31-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ саҳми муқтадири худро хоҳанд гузошт.

Дар машварат омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба сухан баромада, аз бурду бохти муассисаҳои  худ ва дар оянда баланд бардоштани  сатҳи донишу хониши хонандагон андешаронӣ карданд.

Намояндаи Раёсати маорифи вилоят А.Сафаров  дар баромади худ вазъи имрӯзаи таълиму тарбияро дар ноҳияи Панҷ мусбӣ арзёбӣ намуд ва ҳозиринро ба муносибати оғози нави соли таҳсил, ҷашни бузурги миллии Истиқлолият табрику таҳният гуфт.

Баъд аз анҷоми музокираҳо машварат қарори  дахлдор қабул  намуд. Ба фаъолону пешқадамон ва муҳассилини дар озмунҳо ҷойҳои ифтихориро ишғолнамуда ифтихорномаҳою туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳия ва Раёсати маорифи вилоят ба чанде аз фаъолон ва собиқадорони  соҳа ифтихорномаю шаҳодатнома ва туҳфаҳо супорида шуд.

Машварати августӣ дар сатҳи баланди ташкилию маърифатӣ баргузор гардид.

                                                                   П. Нуров, Гулчеҳра

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *