Субҳи 26-уми июли соли 2022 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва ҳамроҳонашон ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд. Нахуст дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ мулоқот бо фафаъолони ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун ва Фархор баргузор гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода зимни баромади хеш аз датгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ёдовари намуда, Ваҳдати саросарӣ ва рушди Тоҷикистонро аз баракати Истиқлолияти комил ва дастовардҳои даврони он арзёби намуданд. Муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода дар идомаи суханронии худ таъкид намуданд, ки вазъи тағир ёбанда ва пешгуй нашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, баландии бесобиқаи ҳарорати гармии ҳаво ва камобӣ моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар фаъолият намуда,саҳми арзандаи худро дар бартарафсозии оқибатҳои вазнини он гузорем.
Сулҳу ваҳдат, истиқлолу озоди нишонаҳои беҳтаринӣ ватандориро ҳифз намоем. Дар пешрафт ва сарсабзии диёрамон саҳмгузор бошем. Дар идомаи вохури фаълони ноҳияҳои болозикр дар мавзуҳои гуногун баромад намуда, ба саволу дархостҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Дар анҷоми вохури раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода баромад намуда, таъкид аз дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун ва Фархор ҷиҳати самаранок ва оқилона истифодабарии замин, гирифтани ду се ҳосил, захираи дусола хӯрока, пешгирии исрофкорӣ ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкори бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон ба роҳбарону фаъолони ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон дар идомаи сафари кори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода аз хоҷагии деҳқонии «Тағой Бобо»-и ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳия дидан намуданд. Гуфта шуд, ки ин хоҷаги дар ихтиёри худ 3, 40 га замин дошта дар 3-гектори он пахта ва дар боқимондаи он полези кишт намудааст, ки дар ҳолати хуби агротехники қарор дорад.
Дар идомаи сафар муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода дар ҷамоати мазкур ба хонаи исиқоматии шаҳрванд Имомқулов Алишер ташриф оварда бо маданяти баланди истифодабарии замини назди ҳавлигӣ шинос шуданд. Оилаи онҳо дар ҷамоати деҳоти Намуна намунавӣ буда, дар ин хонавода ҳама аҳлона меҳнат менамоянд. Ҳаминаст, ки онҳо бо меҳнату ҳавасманди ба замин дар як сол бо гирифтани се чор ҳосил шарфёб мегарданд.
Зимни шиносои муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бо шароит ва зиндагии оилаи мазкур маълум гардид, ки дар анбори захиравии ин хонавода ба миқдори зарури маҳсулотҳо аз қабили гандум, лубидонагиҳо, орду равған инчунин зиёда аз дусад адад зарфҳои шарбату ширини ва хуришҳои гуногун омода кардаанд, ки барои дусолаи оянда басанда мебошанд. Бо ҳамин сафари кори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода аз ноҳияи Панҷ ба анҷом расид.