Хабарҳо

Муроҷиатномаи раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён Зарифхўҷа Фақер ба сокинони ноҳия

 

Ҳамдиёрони азиз!

Таърих гувоҳ ва мову Шумо шоҳид ҳастем, то Истиқлолияти давлатие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол муқаддам ба даст овард, натиҷаи кўшишу талошҳои тўлонии халқи куҳанбунёди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихҳ мебошад. Зеро андешаи истиқлолият ва талоши расидан ба давлатдории миллат дар зеҳни халқи тоҷик давоми беш аз ҳазор сол зинда буд.

Рўҳи озодихоҳии гузаштагони мо-тоҷикон кору пайкори давлатдорон, сиёсатмадорон, зиёиён ва сарлашкарони меҳанпараст ба хотири истиқлоли Ватан дар осори ҷовидонаи абармардони илму адаб ва фарҳанги маъруфамон дар тўли тамоми таърихи миллатамон ба таври барҷаста таҷассум ёфтааст. Бо ҳукми таърих имрўз мо амалҳ гардидани ормонҳои ҳазорсолаи хешро на танҳо мебинем, балки худамон зери роҳбарии хирадмандонаву оқилана ва дурбинонаву инсондўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллҳ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалҳ Раҳмон давлате бунёд карда истодааем, ки аллакай дар арсаи ҷаҳонҳ мавқеъ ва эътибори ба худ хосро пайдо намудааст.

        Баъд аз ба амал омадани ҷангҳои хунину даҳшатбори шаҳрвандҷ, ки ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурҳ ва ятим мондани 50 ҳазор нафар кўдакон сабаб гардидаву  садҳо нафар дигарро дур аз Ватан ва бехонумон кард, бузургтарин дастоварди беназири таърихи замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидани  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ризояти миллҳ ва таъмини сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

        Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллҳ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалҳ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуд, ки: «Роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сҳ соли гузашта, инчунин дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуқтаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохт, ки мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳонҳ муосир, бо нангу номуси ватандорҳ, ҳисси баланди миллҳ, иродаи қавҳ ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обурўи Тоҷикистони соҳибихтиёрро дар арсаи байналмиллалҳ баланд бардоранд».

        Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум имрўз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллҳ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалҳ Раҳмон барои амалҳ намудани чор ҳадафи стратегии кишвар; аз бунбасти коммуникатсионҳ баровардани Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворҳ, ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикҳ ва саноаткунонии босуръати кишвар, бо истифода аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта тадбирҳои заруриро роҳандозҳ намуда дар ин самт хушбахтона гомҳои устувор низ бардошта истодааст.

        Яке аз ҳадафҳои асосие, ки имрўз Пешвои миллат бобати амалишавии он пайваста таъкид месозанд таъмини амнияти озуқаворҳ, фаровонии бозори истеъмолҳ, муътадил нигоҳ доштани нарху навои маҳсулоти ҷизоҳ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии  мардуми кишвар аст. Тавре имрўз ба мушоҳида мерасад, танҳо истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб замин дар амалишавии ин ҳадаф ва нақшаҳои дар пеш гузошташуда  заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

        Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи мову Шумо хуб медонем, ки равандҳои имрўзаи ҷаҳони муосир ниҳоят тезу тунд ва мураккаб гардида, таъсири манфии худро ба иқтисодиёт расонида истодааст. Таҷйирёбии босуръати иқлим, обшавии пиряхҳо, сар задании офатҳои табиҳ дар баъзе кишварҳои олам, муташанниӣгардидани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, бархурди абарқудратҳо,фурўши яроқу аслиҳа, таҳдиду хатарҳои гурўҳҳои экстремистиву террористҳ ва монанди инҳо имрўз аз омилҳое мебошанд, ки ба ҷони ҳар як сокини сайёра хатар эҷод намуда истодаанд.

Гузашта аз ин ҳама гуна тағйироте, ки дар ҷаҳони муосир ва пуртазод ба вуҷуд меояд таъсири худро хоҳу нохоҳ чун дигар кишварҳои олам ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мерасонад. Маҳз бо назардошти чунин воқеоти ташвишовару хатарафзо ва ба ҷони  башарият таҳдидкунанда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмони бонуфузи ҷаҳонҷ, яъне Созмони Милали Муттаҳид перомуни ин хатарҳои таҳдидкунандаву таъсиррасонанда, борҳо ибрози андеша намуда истодаанд.

 Пешвои  миллат  зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотирнишон  сохтанд, ки аз рўйи пешгўйиҳо соли 2022 нисбат ба солҳои гузашта аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣқариб дар тамоми дунё яке аз солҳои вазнинтарин ва тавре, ки  Созмони Миллали Муттаҳид огоҳ сохтанд, ҳатто ҳалокатбор хоҳад буд. Дар асоси маълумоти ин Созмони бонуфузи ҷаҳонҳ имрўз мутаассифона дар қисме аз мамлакатҳои сайёра қаҳтиву хушксолҳ омада ба ҷони башарият таҳдид  намуда истодааст. Ҳамзамон болоравии нархҳо, пастшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои ногувори он –хушксолҷ, камобҷ, инчунин, бемориҳои сироятҷ,  ба сатҳи зиндагии тамоми мардуми сайёра таъсири манфии худро расонида истодааст.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳои хирадмандонаву инсонпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як сокини ноҳия муроҷиат намуда, таъкид месозам, ки бояд аз ҳар ваҷаб замин, пеш аз ҳама заминҳои наздиҳавлигиву президентӣва заминҳои байни боғу токзорҳо самараноку оқилона  истифода намуда, тамоми кўшишу ғайрати худро барои рўёнидани 3-4 ҳосил ва дар кишти такрорӣҳарчӣбештар истеҳсол намудани картошка, ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо аз ҷумла шоли, ҷуворимакка, мош ва лубиё равона созанд.

Имрўз, ки фасли тобистон, яъне мавсими ҷамъоварии ғалладонагиҳо ва идомаи дигар кишту кори соҳаи кишоварзӣмебошад бояд ҳар як сокини ноҳия, бахусус кишоварзон, ки бо замин сару кор дорад барои истеҳсоли тамоми намуди маҳсулот, бахусус маводҳои ғизоҷ, саъю талош намуда, дар таъмин намудани аҳли оилаву фарзандони худ инчунин захираи маводи ғизоӣбарои ду соли оянда саҳмгузор бошад, зеро дар фасли тирамоҳу зимистон ба танқисӣрў ба рў нагардида, дар шароити вазнини соли равон муҳтоҷи дигарон нашаванд.

Аз тамоми сокинони ноҳия эҳтиромона хоҳиш ва дар баробари ин бори дигар муроҷиат менамоям, то вазъияти ҷаҳони имрўзаро, ки таъсири худашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ расонида истодааст, ҷиддҳ қабулу эҳсос  намуда, дар пешоварди  мушкилотҳои бавуҷудомада дар  канор  набошанд ва ба ин масъала бо дарки баланд муносибат намоянд.

Итминони комил дорам, ки баъд аз ин муроҷиат тамоми мардуми шарафманду меҳнатдўсти ноҳия вазъияти баамаломадаи ҷаҳони имрўзаро хуб дарк намуда, бо меҳнату заҳмати пайвастаи худ дар партави сиёсати хирадмандонаву оқилона ва инсондўстонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, самараноку оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, бахусус заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон (президентҷ) ва наздиҳавлигҷ, рўёнидани 3-4 ҳосил аз заминҳо, захираи маводи ғизоӣбарои ду соли оянда, инчунин вусъати корҳои ободонию созандагӣва бунёдкорӣба муносибати сазовор истиқбол гирифтани яке аз санаҳои муҳими таърихӣва воқеан миллҷ, яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазову арзандаи худро хоҳанд гузошт.

 

 

     

       Раиси ноҳияи Панҷ:                                        З. Шоҳиён

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *