Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи кору фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуданд. Рӯзи 19 феврали соли равон Сарвазир ба ноҳияи мо ташриф оварданд. Сараввал аз рафти корҳои таъмиру омодасозии пойгоҳи обкашии «Файзобод-қалъа»-и ҷамоати деҳоти Намуна дидан карданд. Ин пойгоҳи обкашӣ соли 1978 бунёд гардида, аз шаш агрегати обкаш ва шаш муҳаррики барқӣ иборат буда, 1 ҳазору 724 гектар замини ноҳияи Ҷайҳун ва 1 ҳазору 700 гектар замини ноҳияи Панҷро обёрӣ мекунад. Меҳмонони олиқадр барои сари вақт ба сомон расонидани корҳои омодасозӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Баробари ин, аз рафти кишту кор, шудгори заминҳо, корҳои ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию сабзгардонӣ Сарвазир шиносоӣ пайдо карда, ҷиҳати бартараф кардани камбуду норасоиҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
ҳамзамон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон ҳакимзода, инчунин ҳайати меҳмонон аз сехҳои истеҳсолӣ-бахусус нуқтаи таъмир, сехи дӯзандагӣ, воқеъ дар шаҳраки Панҷ, боздид намуданд. Дар ин ҷо бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Далер Ҷабборов дар ошёнаи дуюм сехи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз бахшид, ки имрӯз дар ин сех 20 нафар занону духтарони маҳал бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Дар маркази хизматрасонии «Шукрона», ки иборат аз сехи истеҳсолии дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, таъмири нақлиёт иборат мебошад, ҷамъ 30 нафар ҳамватанон бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.
Сохтмони маркази хизматрасонӣ ва тарабхона дар шафати маркази хизматрасонии «Шукрона» дар ин мавзеъ дар остонаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ин марказ бо иқдом ва дастгирии соҳибкор Меҳрубонзода Сорбон ба маблағи 384 ҳазор сомонӣ бунёд меёбад. Бинои маркази хизматрасонӣ аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум мағозаи хӯрокворӣ, нуқтаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ва дар ошёнаи дуюм бошад, тарабхона барои гузаронидани тӯю маъракаҳо барои 160 нафар дар як вақт бунёд ёфтааст.
Сарвазир муҳтарам Қоҳир Расулзода зимни сафари худ дар ноҳияи мо аз бинои панҷошёна бо таҳхона, мағозаи фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, боғи фарҳангию фароғатии ноҳия, таҷдиди қисме аз мавзеъҳои он, майдони Парчаму Нишони давлатӣ дидан карда, баҳри боз ҳам зеботар намудани онҳо маслиҳатҳои судбахш доданд.
Бинои Комиҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия, ки ҳанӯз ба анҷом нарасидааст, дар мадди назари Сарвазир қарор гирифт ва супориш дода шуд, ки сохтмони бино ҳарчи зудтар ва бо сифати баланди меъморию шаҳрсозӣ анҷом дода шавад. ҳамчунин онҳо аз ҷараёни корҳои сохтмонии маркази ҷавонон ва дигар иншоотҳо дидан карда, баҳри вусъати корҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд анҷом додани бунёдкориҳо дастуру тавсияҳо доданд.
ҳамин тавр, Сарвазир муҳтарам Қоҳир Расулзода ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаҳо оид ба рафъ сохтани камбуду нуқсонҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.