Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамалакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022 – 2026, яъне то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд.
Амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии миллӣ; саноатикунонии босуръати кишвар имкон фароҳам меоварад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шавад.
Имрӯз ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ низ дар партави ин сиёсати созандаву дурбинона ва оқилонаи Пешвои миллат раванди вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёдкориро, бахусус, дар самти бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ вусъати тоза бахшидаанд.
Айни замон дар ноҳия 11 адад корхонаҳои саноатӣ ва 82 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба истеҳсоли зиёда 20 номгуйи маҳсулотҳои саноатӣ машuул мебошанд.Ҳамзамон соли 2022 дар ноҳия сохтмони 6 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 42 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ М.Сироҷов